20.10.24
Роҳбарияти Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, стратегияи ислоҳоти куллии иқтисодӣ ва дигар Барномаҳои давлатиро (дар самти беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ, барқтаъминкунӣ, обёрӣ ва кишоварзӣ, идораи хавфи офатҳои табиӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди маблағгузории хурд) таҳия ва қабул намуданд. Дар ин замина, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалигардонии корҳои ободонию бунёдкориро тавассути таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва бунёди иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ яке аз ташаббусҳои муҳим ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, маънидод намуданд.
Дар ин самт Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда истодаанд. Бо натиҷагирӣ аз татбиқи барномаҳои мушаххаси давлатӣ, метавон гуфт, ки бо истифодаи комёбиҳои илмию инноватсионӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, қувваи корӣ ва зарфияти истеҳсолии соҳаҳои саноату кишоварзии мамлакат, яъне бо истифодаи самараноки ашёи хоми ватанӣ, молу маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, инчунин, истифодаи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида, суръати рушди иқтисоди миллиро дар сатҳи зарурӣ таъмин карда тавонем.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавассути сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сол то сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он мунтазам беҳтар мегардад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 12-ум то 14-уми октябри соли 2024 дар ҷараёни сафари кории худ ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо коргоҳу корхонаҳо, иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва биноҳои истиқоматии навбунёдро ифтитоҳ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди соҳаҳои воқеии иқтисодӣ ва самаранок истифодабарии имкониятҳо, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум ба вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 24 млрд. сомонӣ равона шудааст ва дар натиҷаи тадбирҳои андешида, маҷмуи маҳсулоти вилоят дар соли 2024 ба 1,9 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 58 баробар зиёд мебошад. Даромади пулии аҳолӣ дар соли 2023 ба 1,5 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2022 ба андозаи 21,3 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят 38 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 4 млрд. сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар доираи боз 16 лоиҳа бо арзиши умумии 5,5 млрд. сомонӣ идома доранд. Президенти кишвар ҳамчунин вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла рушди боғпарварӣ, картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва чорводориро дар шароити вилоят таҳлил намуда, барои татбиқи барномаҳои давлатӣ ва истифодаи ҳамаи имкониятҳо дар назди роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазоратҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Соҳаҳои саноату кишоварзӣ аз ҷумлаи соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа ба шумор мераванд ва дар шароити иқтисодиёти миллӣ ҳиссаи онҳо дар ММД бештар ба назар мерасад. Инчунин, бо таъсири омилҳои бошиддати геополитикӣ ва тағйирёбии босуръати иқлим нақши назаррасро дар танзиму нигоҳдории нишондиҳандаҳои муҳимми макроиқтисодии кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ иҷро менамоянд, яъне ҳамчун муҳаррики пешбарандаи ҷомеа, тавлидкунандаи молу маҳсулот ва татбиқкунандаи ҳадафҳои рушди устувор ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” пешбинигардида равона карда, дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти иқтисоди миллӣ, андешидани тадбирҳои судманд дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, нақлиёт ва энергетика, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт дар ин самт, беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.
Мусаллам аст, ки Ҳукумати мамлакат дар баробари бунёду азнавсозии роҳҳо ва ба ин васила бартараф намудани мушкилоти асосии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Вобаста ба ин, масъалаи афзоиши даромади пулии аҳолии вилоят ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро ва тавассути (диаг. 1) мушоҳида карда метавонем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолон изҳори назар намуданд, ки “… дар даврони соҳибистиқлолӣ илова ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ низ сол то сол зиёд гардида, бо ин мақсад беш аз 330 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст ва дар натиҷа 980 км роҳҳои маҳаллӣ ва 200 пул таъмиру азнавсозӣ гардидаанд, дар ин давра барои вилоят 75 техникаву нақлиёти роҳсозӣ ва таҷҳизоти муосир харидорӣ карда шудааст”.
Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1021 иншоот ба маблағи як млрд. сомонӣ ба истифода дода шуд, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бошад, бунёду азнавсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шудааст, яъне то ба имрӯз корҳои сохтмонӣ дар 766 иншоот ба маблағи зиёда аз 1,2 млрд. сомонӣ ба анҷом расидаанд, ки 56 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки ҳоло барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои давраи солҳои 2021 – 2025 амалӣ гардида истодааст. Дар доираи онҳо татбиқи 808 лоиҳа ба маблағи беш аз 7 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст ва аз аввали татбиқи барномаҳо то ба имрӯз 285 лоиҳа ба маблағи беш аз 2,6 млрд. сомонӣ амалӣ гардидааст. Вале иҷрои онҳо ҳамагӣ 35 дарсадро ташкил додааст, ки қонеъкунанда нест.
Дар ин радиф, Пешвои миллат дар идомаи суханрониашон иброз намуданд, ки “Ба буҷети маҳаллӣ, ҷиҳати сари вақт пардохт намудани маошу нафақа ва ҳалли дигар масъалаҳои мубрами аҳолӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ бештар аз 2,5 млрд. сомонӣ, ба соҳаи сохтмон аз ҳамаи сарчашмаҳо 6,5 млрд. сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст”.
Бо дарназардошти он ки масъалаи роҳҳои бехатари нақлиётӣ яке аз мушкилиҳои асосии мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраҳои гузашта ба ҳисоб мерафт, Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои бартараф намудани он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид ва ин равандро имрӯзҳо босуръат идома дода истодааст. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ба мо муяссар гардид, ки дар душвортарин мавзеъҳо, яъне дар ҷойҳое, ки даҳсолаҳои зиёд бунёди роҳҳоро дар онҳо ғайриимкон медонистанд, роҳҳои замонавии ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ бунёд кунем.
Бо ҳамин васила, робитаи нақлиётии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо пойтахти мамлакат, дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва мамолики хориҷӣ дар тамоми фаслҳои сол таъмин намоем. Тавассути ин роҳҳо, ки аҳаммияти транзити байналмилалӣ доранд, ҳоло боркашонӣ, хусусан, бо кишварҳои ҳамсоя, махсусан Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯз ба рӯз афзуда истодааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 11 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор низ ба роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки корҳоро дар самти дарёфти сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёду барқарорсозии ин роҳи мошингард тақвият бахшанд. Дар баробари ин, ҳадафи давлату Ҳукумати мамлакат аз бунёди инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақаи Рашт аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои гуногуни ноҳияҳои водӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро таъмин намуда, дар ин замина даҳҳо ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода, сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.
Дар заминаи ҳадафҳои стратегии миллӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят барои бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 млрд. сомонӣ татбиқ гардида, 250 км роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд. Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии беш аз 3,2 млрд. сомонӣ амалӣ гардида истодааст ва илова бар ин, боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи умумии 2,7 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёд амалӣ гардидаанд, ин раванд, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо асосноккунии техникию иқтисодии роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор – Қалъаихумб ба маблағи 5,5 млн. сомонӣ гузаронида шудааст. Шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон, ки ду сол пеш оғоз гардида буд, мутобиқи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ бунёд шуда истодааст, ки дар оянда барои дар ҳақиқат ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон ва мавзеи ҷолиби сайёҳон мубаддал гардонидани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат менамояд. Дар доираи ин лоиҳа, ки арзиши умумии он 2,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад, то имрӯз корҳо ба маблағи 900 млн. сомонӣ анҷом дода шудаанд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мунтазам афзуда, соли 2023 ба 215 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1993-юм 3,5 баробар зиёд мебошад. Танҳо дар моҳҳои январ – августи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 160 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 дарсад афзудааст. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар қаламрави вилоят зиёда аз 100 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла танҳо дар ду соли охир 56 корхона, таъсис дода шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ду баробар, картошка 3, сабзавот 4,4, шир 2 ва тухм 3,7 баробар зиёд гардидааст. Дар ин давра ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят 2620 гектар замин ҳамчун заминҳои президентӣ барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ҷудо карда, дода шудааст ва тибқи таҳлилҳо ин иқдом ба хеле коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намудааст. Ҳамчунин, майдони боғҳо аз 1347 гектари соли 1991 ба 3140 гектар дар соли 2023 расонида шудааст, ки 2,3 баробар зиёд буда, ҳоло меваи хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи вилоят дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ харидорони зиёд пайдо кардааст. Ҳоло ҳаҷми истеҳсоли мева нисбат ба соли 1991-ум 19,4 баробар ва ҳосилнокии боғҳо 7 баробар афзоиш ёфтааст. Дар баробари ин, зарур аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба масъалаи коркарди мева ва таъсиси корхонаҳои нав дар ин самт таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир карда шавад.
Масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, ки ин ҷо, ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2024 тавассути (диаг. 2) нишон дода шудааст.
Хусусияти фарқкунандаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти умумии кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қиёс нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар он аст, ки ҳиссаи аҳолии вилоят нисбат ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзалият дорад.
Дар ин давра дар вилоят беш аз 100 коргоҳи хурди саноатӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 10 номгӯйи соли 1991 ҳоло ба беш аз 60 номгӯй расидааст. Ҳамзамон, Сарвари давлат вобаста ба ин масъала қайд намуданд, ки “Мо саноатикунонии босуръати мамлакатро ба он хотир ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намудем, ки дар доираи он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корхонаҳои азиму миёнаи саноатӣ таъсис дода, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашударо роҳандозӣ намоем”.
Инчунин, корхонаҳои коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, коркарди гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, коркарди санг, гиёҳҳои шифобахш, меваю сабзавот, бастубанди меваи хушк, истеҳсоли мебел ва хушкашӯиро ба истифода додем. Дар корхонаҳои зикршуда, ки барои ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум саҳми арзанда мегузоранд, беш аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ таъмин гардиданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят дар шаҳри Хоруғ иброз доштанд, ки “Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо неруи барқ то охири соли 2025 дар вилоят боз 22 мегаватт иқтидорҳои навро ба кор дароварда, ҳаҷми умумии онро ба 76,5 мегаватт мерасонад. Ҳоло ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани таъминоти барқ ва афзоиш додани содироти он сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт идома дорад, ки соли оянда пурра ба истифода дода мешавад”.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави вилоят зиёда аз 217 км хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110-киловолта, 16 зеристгоҳи барқӣ, 289 км хатҳои интиқоли барқи 35-киловолта ва беш аз 560 км хатҳои нави барқии иқтидорашон хурд сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Агар то соли 1991 иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар вилоят ҳамагӣ 10,4 мегаваттро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 47,5 мегаватт расидааст, яъне 4,7 баробар зиёд шудааст.
Инъикоси зуҳури ин созандагиҳоро мо дар ҳаёти имрӯзаи сокинони вилоят мушоҳида карда метавонем, ки даромади пулии аҳолӣ дар соли 2023 ба 1,5 млрд. сомонӣ баробар гардида дар қиёс нисбат ба соли 2022 ба андозаи 21,3 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба бештар аз 215 млн. сомонӣ, майдони боғҳо ба 3140 гектар, истеҳсоли неруи барқ ба 47,5 мегаватт баробар гардидааст. Дар 766 иншоот корҳои сохтмонӣ ба маблағи зиёда аз 1,2 млрд. сомонӣ ба анҷом расонида шуда, 250 км роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шудааст, инчунин корҳо дар доираи боз 16 лоиҳа бо арзиши умумии 5,5 млрд. сомонӣ идома доранд.
Ҳамин тавр, роҳбарияти Ҳукумати мамлакат дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди иқтисоди миллӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба раванди сармоягузориро пайваста такмил медиҳад ва бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳаҳои саноату кишоварзӣ, нақлиёту энергетика тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд, ки дар ин самт шароит ва имкониятҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намемонад.
0 комментария к “САМАРАИ СИЁСАТИ СОЗАНДАИ ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ ВА РУШДИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ”