Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

РУШДИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР КИШВАР 111,4 ДАРСАДРО ТАШКИЛ ДОД

РУШДИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР КИШВАР 111,4 ДАРСАДРО ТАШКИЛ ДОД

Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Агентии омор бо ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили 1848 кори омории марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист семоҳаи сеюми соли ҷориро бо муваффақият ҷамъ баст намудааст.

  • Тибқимаълумоти раёсати мазкур дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар 111,4 дарсадро ташкил додааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар Паёмҳо ва суханрониҳояшон зимни сафарҳои корӣ ба манотиқи мамлакат ба масъалаҳои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, гирифтани се-чор ҳосил дар сол, афзоиш додани майдони кишти зироатҳои таъйиноти ғизоӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва таъмини муттасили бозори дохилӣ таъкид менамоянд.

Ин аст, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ва иқдомҳои лозимӣ, бахши кишоварзӣ дар кишвар ҳамасола рушд ёфта, дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии мамлакат ба 52 миллиарду 280,5 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 11,4 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 39 миллиарду 177,0 миллион сомонӣ, ё 11,9 фоиз ва чорводорӣ бошад, 13 миллиарду 103,5 миллион сомонӣ ё 9,8 фоиз зиёд аст.

Бояд гуфт, ки дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 60 фоизро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол ба 11 миллиарду 953,7 миллион сомонӣ ё 111,5 фоиз баробар гардидааст.

Тибқи иттилоъ, дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 12,6 фоизро ташкил додааст, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 18,2 фоиз, Хатлон 9,4 фоиз, ВМКБ 17,5 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 12,2 фоиз баробар аст.

Аз ҷумла, дар ин давра ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 41,8 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умуми маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 45,6 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои ВМКБ 66,9 фоиз, вилоятҳои Суғд 35,8 фоиз, Хатлон 50,1 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 48,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 1506687 тонна ғалладонагиҳо (аз ҷумла гандум 866014 тонна), 103782 тонна пахта, 937367 тонна картошка, 2669029 тонна сабзавот (аз ҷумла, пиёз 804571 тонна), 1028258 тонна полизӣ, 614820 тонна мевагиҳо (аз ҷумла, 149613 тонна себ ва 258978 тонна зардолу), ангур 196293 тонна ва хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока 1445852 тонна истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 6,2 фоиз ғалладонагиҳо (аз ҷумла, 4,6 фоиз гандум), 16,5 фоиз картошка, 8,9 фоиз сабзавот (аз ҷумла 5,0 фоиз пиёз), 12,4 фоиз полизӣ, 20,1 фоиз мевагиҳо (аз ҷумла: 4,9 фоиз себ ва 11,4 фоиз зардолу), 5,0 фоиз хӯроки чорво ва 32,6 фоиз ангур зиёд шудааст.




0 комментария к “РУШДИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР КИШВАР 111,4 ДАРСАДРО ТАШКИЛ ДОД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон