22.10.24
Дигар шудани муносибатҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, муносибатҳое, ки дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ба амал омадаанд, барои рушди иқтисодии мамлакат нақши хеле муҳим гузоштаанд. Ҳоло бо боварӣ метавон гуфт, ки соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ зина ба зина рушд меёбад.
Аз ин ҷост, ки тибқи маълумоти оморӣ тариқи «Равзанаи ягона» то 1 октябри соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 368 ҳазор субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 13,7 ҳазор зиёд мебошад.
Аз ин шумора 327 ҳазору 106 ададашро соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳазору 598 адад зиёд шудааст.
Аз инҳо 50,4 ҳазор нафар тибқи патент, 36,7 ҳазор нафар бо шаҳодатнома, 60,4 ҳазор соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 179,6 ҳазор соҳибкори инфиродии хоҷагии деҳқонӣ мебошанд.
Инчунин, ба ҳолати 1 октябри соли 2024 аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда дар ҳудуди ҷумҳурӣ 40 ҳазору 883 ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1183 адад зиёд мебошад.
0 комментария к “ФАЪОЛИЯТИ 368 ҲАЗОР СУБЪЕКТИ ХОҶАГИДОР ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ ҶОРӢ”