29.10.24
Дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватаниву воридотивазкунанда ва дар умум таъмини зиндагии шоистаи мардум, гузариш ба самти рушди устувори иқтисодиёти миллӣ тавассути саноатикунонии босуръат дар кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад. Зеро татбиқи ҳадафи саноатикунонӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо ташкили корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо истифода аз технологияҳои нави инноватсионӣ афзоиши истеҳсоли моддиро таъмин намуда, боиси рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегардад.
Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ то ҷашни 35- солагии истиқлолияти давлатӣ солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд.
Ҳамин аст, ки дар давоми нуҳ моҳи соли 2024 суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе ба беш аз 122,1 дарсад расид. Дар маҷмуъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 3 миллиард 649,5 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 665,7 миллион сомонӣ бештар аст.
Дар ин давра аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 62,8 дарсад ба саноати коркард, 34,0 дарсад ба таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво, 1,6 дарсад ба саноати истихроҷи масолеҳи ғайримаъдании бинокорӣ ва 1,6 дарсад ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа рост омадааст.
0 комментария к “СУРЪАТИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА БЕШ АЗ 122,1 ДАРСАД РАСИД”