Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

“Конститутсия – санади тақдирсоз ва бахтномаи миллат” – Таҳти ин унвон дар Агентии омор ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

“Конститутсия – санади тақдирсоз ва бахтномаи миллат” – Таҳти ин унвон дар Агентии омор ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

Қабули Конститутсия, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифт, воқеан як саҳифаи тоза дар таърихи чандинҳазорсолаи мардуми тоҷик буд.

Имрӯз аз қабули ин санади тақдирсоз ва бахтномаи миллат 30-сол мегузарад ва гузашти рӯзгор исбот намудааст, ки Конститутсияи мо воқеан ифодагари орзуву омол ва нақшаву барномаҳои ватанпарваронаи миллати тамаддунсози тоҷик аст.

Ба ин хотир 4 ноябр дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомоти омор ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.

Зимни ҷамъомад муовини якуми Директори Агентии омор Асо Нурулло Асват аз номи роҳбарияти Агентӣ аҳли кормандонро бо ин ҷашни фархунда таҳнияту муборак гуфта, иброз дошт, ки миллати сарбаланди тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои давлатсозу давлатофари худ, 30 сол қабл бори нахуст дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи хеш Конститутсия – қонуни асосии кишварро тариқи раъйпурсӣ қабул намуда, бо ин роҳ бори дигар истиқлоли воқеии хешро исбот намуд.

Конститутсияи Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун яке аз беҳтарин санадҳои ҳуқуқӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст, воқеан самари давлатдорӣ ва сиëсати ватанпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва таърих гувоҳ аст, ки ташаббускори қабули ин шиносномаи миллат ва аз муаллифони аслии он низ муҳтарам Пешвои миллат будааст ва донишу хиради давлатдории ин фарзонафарзанди миллат дар саҳифаҳои ин санади муқаддас орзуву ормони ҳазорсолаи миллатро таҷассум кардааст.

Асо Нурулло баён дошт, ки таърих исбот намудааст, ки Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.

Дар идома муовини Директори Агентӣ Назарзода Зарина нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушду ташаккули давлати соҳибистиқлоли мо муҳим арзёбӣ намуда, иброз намуд, ки мардуми шарифи тоҷик ҳамасола рӯзи қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистонро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, зеро он санади муҳими тақдирсоз ва аз ҷумлаи дастовардҳои арзишманди айёми соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

Дар идомаи ҷамъомад дастаҳои волейболбозон, ки дар мусобиқаҳои варзишии дохилиидоравӣ ва шаҳрӣ фаъолона иштирок менамоянд, дар арафаи ҷашни 30-солагии Конститутсия аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Аз тарафи иштирокдорон доир ба таърихи ташаккул ва мазмуну моҳияти Конститутсия ибрози назар карда шуд.

Муовини якуми Директори Агентии омор Асо Нурулло Асват дар фарҷом таъкид намуд, ки Конститутсия воқеан бахтномаи миллати мо, заминаи устувори ҳуқуқӣ барои рифоҳи мардуми сарбаланди тоҷик ва гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз аст ва месазад, ки мо онро гиромӣ дорем.




0 комментария к ““Конститутсия – санади тақдирсоз ва бахтномаи миллат” – Таҳти ин унвон дар Агентии омор ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон