13.02.25
Рӯзи 12-уми феврали соли 2025 дар маҷлисгоҳи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, ки аз 20 декабри соли 2024, №26/10-477 тасдиқ гардидааст, бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар ин нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои интернетӣ, телевизионӣ ва радиоӣ, аз ҷумла, АМИТ «Ховар», “Спутник Россия”, шабакаҳои телевизионии “Душанбе”, “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Баҳористон”, “Тоҷикистон” радиоҳои “Ховар”, “Радиои Тоҷикистон”, “Озодӣ”, рӯзномаву маҷаллаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Ҳарфи омор”, “Народная газета”, “Халқ овози”, саҳифаи интернетии “your.tj”, “pressa.tj” ва дар маҷмуъ 17 нафар намояндагони васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Ба иштирокчиён маводҳои чопӣ аз ҷумла, гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 (бо забонҳои давлатӣ ва русӣ), гузориш оид ба вазъи демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 (бо забонҳои давлатӣ ва русӣ) ва маърузаи фишурда дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти давлатии омор дар давраи сипаришуда пешниҳод гардид.
Нахуст Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти мақомоти омор дар соли 2024 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо илҳом ва неруи тоза аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро сармашқи кори худ қарор дода, дар соли 2024 ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.
Таъкид гардид, ки Агентии омор дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, №538 “Дар бораи барномаи корҳои оморӣ дар соли 2024” бо иҷрои 8636 кори оморӣ соли сипаригардидаро ҷамъбаст намуд, ки аз иҷрои пурраи барнома шаҳодат медиҳад.
– камшавии аҳолӣ дар ВМКБ ва сабабҳои он;
– ҳаҷми сармоягузориҳои USAID ба Тоҷикистон;
– аз ҳама зиёдтар ба кадом давлатҳо пахта содир карда шудааст;
– шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон;
– омори таваллуд;
– омори содироти молу маҳсулот ба хориҷ;
– содирот ва воридоти молу маҳсулот бо Афғонистон;
– шумораи зану мард дар Тоҷикистон;
-дарозумрии миёна дар Тоҷикистон;
– шахсони аз 100 сола зиёд;
– методологияи баҳисобгирии истеҳсоли либосҳои мактабӣ.
Ба саволҳое, ки ба фаъолияти мақомоти омор иртибот доштанд,
аз тарафи роҳбарияти Агентӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
0 комментария к “Нишасти хабарӣ дар Агентии омор”