05.03.25
5 марти соли ҷорӣ дар ҳошияи ҷаласаи 56-уми Комиссияи омории СММ вохӯрии навбатии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо муовини роҳбари мақомоти омори Ҷумҳурии Халқии Чин ҷаноби Лин Тао сурат гирифт.
Ҷонибҳо аз вохӯрии навбатӣ изҳори хушҳолӣ намуда, доир ба масъалаҳои марбут ба раванди оғозёбии расмии ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти омори Тоҷикистон ва Чин, ирсоли мактубҳои расмӣ, муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ ва дар ин замина табодули таҷриба мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки аз рӯи тартиботи муайянгардида ҷиҳати расмӣ намудани ҳамкориҳо, меморандум оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонанд.
Мавриди зикр, ки дар ин сафар вохӯрии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти омори дигар давлатҳо ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.
0 комментария к “ВОХӮРӢ БО МУОВИНИ РОҲБАРИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ЧИН”