Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ВОХӮРИИ ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БО НАМОЯНДАИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД ХОНУМ ЭЛАЁНЕ ТАН

ВОХӮРИИ ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БО НАМОЯНДАИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД ХОНУМ ЭЛАЁНЕ ТАН

Дар ҳошияи Ҷаласаи 56-уми Комиссияи омории СММ вохӯрии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо сардори бахши омори Бонки Осиёии Рушд хонум Элаёне Тан сурат гирифт.

Ҷонибҳо ташкили чунин як вохӯриро хело зарурӣ ва саривақтӣ шуморида, вобаста ба ҳамкориҳои Агентии омор бо Бонки Осиёии Рушд ва иҷроиши як қатор корҳо дар ҷиҳати омоданамоии кадрҳои баландихтисос дар самти системаи ҳисобҳои миллӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин омоданамоии ҷадвали захира ва хароҷот мубодилаи афкор намуданд.

Масъалаи асосие, ки аз ҷониби Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ин дастгирии Бонки Осиёии Рушд дар самти гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ буд. Ҷамшед Нурмаҳмадзода нишондиҳандаҳои кишоварзӣ ва саҳми соҳаи мазкурро дар Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ муҳим дониста, ҳамзамон гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзиро як қисми муҳими ин соҳа унвон намуд. Зеро ҳадафи асосии гузаронидани ин чорабинии муҳим, ин пеш аз ҳама ҷамъ овардани маълумоти дақиқ оид ба соҳаи кишоварзӣ буда, иттилооти ҷамъовардашуда барои пешбурди сиёсати макроиқтисодӣ истифода мешавад.

Намояндаи Бонки Осиёии Рушд хонум Элаёне Тан низ масъалаи гузаронидани баруйхатгирии кишоварзиро муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки дар доираи имкониятҳои Бонки Осиёии Рушд масъалаи маблағгузорӣ намудани барӯйхатгириро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки ташкили вохӯрӣ бо намояндаи навтаъини Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон муҳим ва саривақтӣ хоҳад буд.




0 комментария к “ВОХӮРИИ ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БО НАМОЯНДАИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД ХОНУМ ЭЛАЁНЕ ТАН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон