Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Иштирок дар чорабинии наврӯзии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Иштирок дар чорабинии наврӯзии ноҳияи Ҷаббор Расулов

22 март роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар тантанаҳои наврӯзии ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирок карда, бо дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳия, ороиши дастархонҳои наврӯзии сокинон ва фаъолияти ҳунармандону сӯзанидӯзон, устоҳои халқӣ шинос шуда, фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба тамоми мардуми шарафманди ноҳия табрик намуд.

Зимни суханронӣ роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ, фарорасии Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба кулли сокинони сарбаланди ноҳия аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мақоми байналмилалӣ пайдо намудани ҷашни фархундаи Наврӯз ёдовар шуд.

Махсусан қайд қардид, ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод, яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ буда, гузаштагонамон онро ҳамчун пайки шодиву сурур, оғози бедории табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфоӣ таҷлил менамуданд.

Дар рафти чорабинӣ кормандони фаъоли ноҳия бо нишони сарисинагии соҳавӣ ва бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардида, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Сипас тантанаҳои идонаи сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов, намоиши театрикунонидашудаи аҳли ҳунару санъати ноҳия, ки аслан зебогиҳои фасли баҳор ва расму ойинҳои писандидаи ҷашни Наврӯзи ҷаҳониро инъикос мекард, хотири ҳозиринро шод намуд.




0 комментария к “Иштирок дар чорабинии наврӯзии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон