Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ташрифи намояндагони Васоити Ахбори Омма (ВАО) ба Агентии омор

Ташрифи намояндагони Васоити Ахбори Омма (ВАО) ба Агентии омор

Бо пешниҳоди Созмони ҷамъиятии “Хома” санаи 12 ноябри соли 2020 қариб 20 нафар намояндагони воситаҳои гуногуни ахбори оммаи кишвар ҷиҳати шиносоӣ ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар чорабинии мазкур муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода доир ба фаъолияти Агентӣ, дастовардҳо, муҳимтарин корҳои иҷрошуда тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба рӯзноманигорон маълумот дод. Ҳамзамон, зикр гардид, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди нишондодҳои дақиқу саҳеҳ ҳамеша омодааст ба ҳамаи ВАО-и кишвар ҳамкории боз ҳам зичтарро ба роҳ монад.

Дар вохӯрӣ рӯзноманигорон доир ба саҳеҳияти рақамҳо дар соҳаҳои мухталиф, хусусиятҳои хоси ҷамъоварӣ ва пешниҳоди онҳо ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.

Дар идомаи вохӯрӣ рӯноманигорон ба ҷараёни кори раёсатҳои гуногуни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ” шинос шуданд.

Намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” ба роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати имкон овардани шароит ҷиҳати шиносоии рӯзноманигорон бо ин ниҳод изҳори сипос намуданд.

 




0 комментария к “Ташрифи намояндагони Васоити Ахбори Омма (ВАО) ба Агентии омор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон