Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар соли 2023 шумораи аҳолии Тоҷикистон 2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омор хабар медиҳад.

Табқи иттилои Раёсати мазкур шумораи аҳолии кишвар ба ҳолати 1 январи соли 2024 бо дарназардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират 10 миллиону 277,1 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Афзоиши табиии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 ба андозаи 3,9 фоиз зиёд шуда, 207,3 ҳазор нафар ё ба 1000 нафар аҳолӣ 20,4 нафар рост омадааст.

Ҳамзамон зикр мешавад, ки дар соли сипаришуда мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси муҳлати муқарранамудаи қонун 239,9 ҳазор кӯдакони навзод ва 32,6 ҳазор шахсони фавтида, аз он ҷумла 1,9 ҳазор кӯдакони синни то 1 сола фавтидаро ба қайд гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ки дар 2023 нисбат ба соли 2022 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 4 фоиз зиёд шудааст.

Зиёдшавии бақайдгирии таваллуд ба ғайр аз ВМКБ дар ҳамаи минтақаҳо мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, зиёдшавии бақайдгирии таваллуд дар вилояти Хатлон 5,5 фоиз (100,2 ҳазор нафар), дар вилояти Суғд 2,8 фоиз (59,7 ҳазор нафар), дар шаҳри Душанбе 7,4 фоиз (23,2 ҳазор нафар) ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 2,3 фоиз (53,5 ҳазор нафар)-ро ташкил намудааст.

  • Зимнан, дар ВМКБ баръакс бақайдгирии таваллуд 10,5% кам шудааст.



0 комментария к “АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон