15 январ дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара оиди ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 доир гардид.
Дар ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Хуршед, роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ, сардорони мақомоти омор дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доштанд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Директори Агентии омор муҳтавои баргузории ҷаласаи мазкурро таҳлилу баррасии амиқи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор ва ҳамчунин ошкор ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда унвон намуд.
Оиди натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор дар соли 2023 муовини Директори Агентӣ Мирзоён Нодир муфассал маърӯза намуд.
- Гуфта шуд, ки мақомоти омор дар соли 2023 тибқи “Барномаи корҳои оморӣ” дар маҷмуъ 9197 кори омориро ба анҷом расонид, ки 100 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки дар ин давра 164 бюллетени оморӣ, 48 иттилооти таъҷилӣ, 80 маҷмўаи оморӣ ва 24 гузоришҳои таҳлилӣ омода ва нашр карда шуданд.
Дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии омор дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ба мақомоти маҳаллии омор оиди пешниҳоди саривақтии маълумоти эътимодноки оморӣ ва қатъиян роҳ надодан ба саҳланкорӣ дастур дод.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумоти омории тавсифкунандаи ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.
- Аз тарафи Директори Агентии омор роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ вазифадор гардиданд, ки:
- дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ва МД “Маркази кулли ҳисоббарорӣ” иҷрои ҳатмии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барномаи корҳои оморӣ дар соли 2024”, аз 29 ноябри соли 2023, №538 ва Барномаи корҳои оморӣ барои мақомоти маҳаллиро сари вақт ва пурра таъмин намоянд;
- ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 иҷрои саривақтӣ ва босифатии нақшаи чорабиниҳоро таъмин намуда, роҳнамои фаъолияти кории худ қарор диҳанд ва ба Дастгоҳи марказии Агентӣ мунтазам гузориш пешниҳод намоянд;
- муътамаднокӣ ва саривақтии маълумоти омории пешниҳодшавандаро мутобиқ ба методологияи ташаккули омори расмӣ таъмин намоянд;
- фарогирии пурраи субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоботи омориро (шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии истеҳсолӣ) пурра таъмин намоянд;
- мақсаднок ва самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, ғайринақдӣ амалӣ намудани амалиётҳои молиявӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, моликияти давлатӣ ва пешниҳоди саривақтии ҳисоботҳои молиявиро таъмин намоянд.
- Ҳамзамон муовини якуми Директор, муовинони Директори Агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ, МД “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”, гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Навкунии низоми омори миллии Тоҷикистон” вазифадор карда шуданд, ки:
- cаривақт, босифат ва давра ба давра аз рўи нақшаи тасдиқшуда чорабиниҳои лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нақшаи якҷояи Агентӣ бо дигар шарикони рушдро амалӣ намоянд;
- татбиқи саривақтии Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои барои солҳои 2024-2030 бо дарназардошти ҷалби дигар шарикони рушд сари вақт таъмин намоянд;
- раванди баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омори расмӣ”-ро пайгирӣ намоянд;
- ҳамаи нишондиҳандаҳои омории ҷамъбастии соҳавӣ таҳлил гардида, бо роҳбарияти Агентӣ пеш аз интишор ва ирсол ба дигар мақомотҳо мувофиқа карда шавад;
- дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҳқиқотҳои омории “Таҳқиқоти қувваи корӣ”, “Таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо” ва дигар таҳқиқотҳоро дар сатҳи зарурӣ гузаронанд.
- фарогирии ҳисоботҳои соҳаҳои савдо, хизматрасонӣ, нақлиёт, кишоварзӣ бахусус саршумори чорво, маҳсулоти чорводорӣ ва истеҳсоли сабзавотро афзалияти фаъолияти кории худ қарор дода, иҷроиши босифати онро таъмин намоянд.
Дар ҳошияи ҷаласа шарҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шунида шуда, зикр гардид, ки дар зимн, маъсулияти мо оморчиёни кишвар бояд бештар бошад. Зеро маҳз фаъолияти дуруст ва саривақтии мо боис мегардад, ки омори тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ҷамъоварӣ, коркард, баррасӣ ва ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳод гардида, барои таҳлили вазъи кунунӣ ва барномарезиҳо барои оянда мавриди истифода қарор бигиранд.
0 комментария к “АГЕНТИИ ОМОР. НАТИҶАГИРӢ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ”