Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

АГЕНТИИ ОМОР ОИДИ ҲАМГИРОИИ МАХЗАНИ МАЪЛУМОТҲО БО ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО ҶАЛАСА ДОИР НАМУД

АГЕНТИИ ОМОР ОИДИ ҲАМГИРОИИ МАХЗАНИ МАЪЛУМОТҲО БО ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО ҶАЛАСА ДОИР НАМУД

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳамгироии (интегратсияи) махзани маълумотҳо байни мақомоти омор ва вазорату идораҳои дахлдор ҷаласа доир гардид.

Дар ҷаласа роҳбарият ва сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Агентии омор, ҳамзамон намояндагони як қатор вазорату идораҳо иштирок доштанд.

Муовини якуми Директори Агентии омор Асо Нурулло Асват, ки ҷаласаро раисӣ намуд, бо сухани ифтитоҳӣ изҳор дошт, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи имрӯза вобаста ба иҷрои саривақтии супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2023, №41950(23-3) оиди тақвияти рақамикунонии мақомоти давлатӣ ва вусъати табодули маълумот дар шакли электронӣ, инчунин бо мақсади сари вақт пайвастани махзани маълумотҳои вазорату идораҳо бо махзани маълумоти мақомоти омори давлатӣ арзёбӣ мегардад.

Дар кори ҷаласа Лоиҳаи Созишнома оиди ҳамгироии (интегратсияи) махзани маълумотҳо байни мақомоти омор ва вазорату идораҳо баррасӣ гардида, ҳамзамон пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор оиди бандҳои Лоиҳаи Созишномаи мазкур шунида шуд.

Муовини якуми Директори Агентии омор Асо Нурулло нақши ҳамгироии махзани маълумотҳоро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки бо мусоидати саривақтии вазорату идораҳо, он барои таъсиси маълумотҳои ягонаи оморӣ кӯмак хоҳад кард.

Дар қисмати дуюми ҷаласа низоми ҷамъоварӣ ва коркарди ҳамаи 232 шакли ҳисоботи оморӣ, ки аз ин 100 шакли ҳисоботияш байниидоравӣ мебошад, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки дар соли 2024 ҷиҳати татбиқи “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон” ҳамаи шаклҳои ҳисоботи оморӣ пурра бо усули электронӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар ин самт таъкид гардид, ки намояндагони вазорату идораҳое, ки то ин вақт тавассути утоқи ҳисоботсупоранда ҳисоботҳои электронии вазорату идораи худро ба Агентии омор пешниҳод накардаанд, метавонанд бо такя ба Дастуррамал “Оиди ҳамкорӣ бо низоми ягона ва ба роҳ мондани ҳамгироӣ ҷиҳати пешниҳоди ҳисоботҳои электронӣ” ҳисоботҳои худро ба Агентии омор пешниҳод намоянд.




0 комментария к “АГЕНТИИ ОМОР ОИДИ ҲАМГИРОИИ МАХЗАНИ МАЪЛУМОТҲО БО ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО ҶАЛАСА ДОИР НАМУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон