Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

БАЙНИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД

БАЙНИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД

3 октябр дар доираи Форуми байналмилалӣ оид ба истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи омор ва муосиркунонии низоми омори миллӣ дар заминаи табдилдиҳии рақамӣ, ки аз ҷониби Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошканд доир карда шудааст, байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум дар самти ҳамкорӣ ва рушди омори ду кишвар ба имзо расонида шуд.

Гуфта мешавад, ки дар доираи Ёддошти тафоҳум ҳамкории шарикӣ байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, нақшаи пешбарии соҳаи омор бо пешниҳоди маълумотҳои дақиқу саҳеҳ ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии ҳарду давлат бо мақсади ноил гардидан ба ҳамкории амиқи минбаъдаи мутақобилан судманди тарафҳо барои рушди ҳамаҷониба амалӣ мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда мусоидат намудан ба ҳамдигар дар баланд бардоштани таҷриба ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи омор, гузаронидани семинару тренингҳо барои ҳар ду тараф ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таҷрибаи кормандони соҳа дар таҳия ва татбиқи нақшаҳои минбаъдабештар мегардад.




0 комментария к “БАЙНИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон