Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

БИЁЕД, КИТОБ МЕХОНЕМ!

БИЁЕД, КИТОБ МЕХОНЕМ!

Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад,

Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.

“Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Нақш ва ҷойгоҳи китоб дар ҷомеа басо бузург ва муассир мебошад. Далели равшани ин гуфта дар яке аз рамзҳои асосии давлатии Тоҷикистон — Нишон тасвир ёфтани китоб мебошад. Дар ин рамз дар баробари пахтаву гандум ва кӯҳу офтоб, китоб низ нақш ёфтааст, ки баёнгари фарҳангдӯсту соҳибмаърифат будани миллати тоҷик мебошад.

Тавре ҳамагон иттилоъ дорем, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодонамон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми хонадони мамлакат дастрас карда шавад.

Албатта, тақдими «Шоҳнома» ба ҳар хонадон тасодуфӣ нест. Ончуноне, ки китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонадон тақдим гардид ва сабаби хонишу омӯзиши фарогир дар саросари мамлакат шуд, итминони комил дорем, ки тақдими «Шоҳнома» низ чунин ангезиш ва шояд бартар аз онро ба бор орад.

Роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва роҳандозӣ намудани иқдомоти наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо мақсади тарғибу ташвиқ ва ҷалби кормандони мақомоти омори давлатӣ ба мутолиаи китоб, китобхонаи идоравиро бо рафҳои китобмонии иловагиву компютери фардӣ, китобҳои бадеӣ, илмӣ ва таърихии олимони ватаниву хориҷӣ ва шоирону нависандагони классику муосири тоҷик таъмин намудааст.

Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани шууру тафаккури зеҳнии кормандон ва боло бурдани сатҳи донишу маърифат ва малакаи онҳо мебошад.




0 комментария к “БИЁЕД, КИТОБ МЕХОНЕМ!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон