Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Бонуе дар ҷодаи ҳақ

Бонуе дар ҷодаи ҳақ

Аз мушоҳидаҳои чандинсола бармеояд, ки дар сохтори мақомоти омор аз зинаи поён то боло мутахассисони донишу маҳорати баланддошта, содиқу поквиҷдон, ташаббускору дӯстдори касби худ фаъолият менамоянд.

Хусусан, дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар ин ҷодаи пурмасъулият садҳо нафар мутахассисони варзидаву соҳибмалакаро ном бурдан мумкин аст, ки баъзеяшон аз синни ҷавонӣ то инҷониб барои рушди соҳа ва пешрафту нумӯи кишвари азизамон содиқонаву софдилона адои вазифа намуда истодаанд.

Яке аз ин нафарон, зани кушодачеҳра, модари меҳрубон, кордону соҳибтаҷриба – Муқаддас Шарипова мебошанд.

  • Муқаддас Шарипова, 21-уми марти соли 1965 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

Соли 1982 ба филиали Институти политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳуҷанд дохил шуда, соли 1987 онро бо ихтисоси муҳандис – технолог бо муваффақият хатм намудааст.

Ин зани таҷрибадору соҳибилм фаъолияти меҳнатии худро баъд аз хатми донишгоҳ соли 1987 аз ёрдамчии устои баст дар Комбинати шоҳибофии “Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, то соли 1996 дар ин ҷода фаъолият намудааст.

  • Аз моҳи июли соли 1996 ба мақомоти омори вилояти Суғд ба кор омада, то инҷониб дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Солҳои 1996-1998 мутахассиси шуъбаи кишворазии омори вилояти Суғд;

Солҳои 1998-2000 мутахассиси пешбари шуъбаи мазкур;

Солҳои 2000-2004 сардори шуъбаи кишоварзии омори вилоят;

Солҳои 2004-2017 сардори муҳосиботи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд;

ва аз соли 2017 ба ҳайси сардори Раёсати омори кишоварзӣ, саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмони Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд адои вазифа менамояд.

Бонуе, ки аз хислатҳои наҷиб ва кӯшишу талошҳои босамараш ҳарф мезанем, ҷодаи ҳақро паймуда, ба қавле таҷрибаи корӣ ва ҷамъиятиаш барои ҷавонон сабақи зиндагӣ ва мактаби омӯзиш қарор гирифтааст. Ӯ бонуест, ки бисоти шинохти инсониро ҳамеша дар кӯшиш ва фаъолияти босуботона медонад. Бонуе, ки 27 соли ҳаёти пурбаракати хешро бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои бауҳдадошта дар соҳаи омори давлатӣ сарф намуда, сабақи андӯхтаву таҷриба, маҳорату малакаи ин зани самимиву заминӣ, хоксору соҳибтаҷриба мавриди эҳтироми ҳамагон қарор гирифтааст.

Муқаддас Шарипова аз зумраи бонувони кордону масъулиятшинос ва оқилаву равшанзамире мебошад, ки дар тарбияи насли ҷавон ва мутахассисони соҳа нақши босазо дорад.

Мо зимни сафари корӣ доштанамон дар шаҳри Хуҷанд бо кормандони Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд ҳамсуҳбат шудем, ки аз вафову дӯстдорӣ, меҳру самимият, заҳмати софдилона, ҷиддӣ будан дар кору зиндагӣ ва хизматҳои содиқона кардани ин бонуи фидоии касби хеш бо муҳаббат ҳарф мезаданд.

Зане, ки тули умри хеш фақат ҷодаи ҳақ паймудааст то дили инсонҳои шариф ва фидоиро ҳамеша ба даст орад ва баҳри зиндагии шоистаи онҳо саҳме дошта бошад.

Муқаддас Шарипова барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ ва саҳми назаррас доштанаш дар пешрафти соҳаи омори давлатӣ, инчунин барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо якчанд ифтихорномаю сипосномаҳо аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд қадрдонӣ шудааст.




0 комментария к “Бонуе дар ҷодаи ҳақ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон