06.02.25
4 феврал дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Директори Агентӣ Назарзода Зарина, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Ҷурабек ва кормандони Агентӣ машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар машварати омӯзишӣ ҷанбаҳои қонунгузорӣ ва тартиби иштирок дар интихобот шарҳ дода шуд.
Назарзода Зарина таъкид дошт, ки нақши интихобот ҳамчун чорабинии муҳими сиёсӣ дар инкишофу пешравии ҷомеа назаррас буда, ҷомеаи мутамаддинро бе раванди интихоботи демократӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Таъкид шуд, ки Интихобот дар низоми демократӣ яке аз муҳимтарин падидае аст, ки ифодаи ирода ва иштироки бевоситаи халқро дар идора кардани давлат таъмин менамояд.
Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Ҷурабек вобаста ба моҳияту зарурати интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва нақши овози ҳар интихобкунанда дар интихобот изҳори назар намуда, ҳамзамон вобаста ба масъалаҳои дигари раванди интихобот, нақши интихобот дар таъмини сулҳу субот ва ҳамгироии ҷомеа, иштироки ҷавонон дар интихобот, баробарӣ дар татбиқи ҳуқуқи интихоботӣ ва дигар мавзуъҳои ба ин масъала дахлдор баромади муфид намуд.
Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 «Дар бораи таъйини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қабул гардид. Тибқи он интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъйин карда шуда, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст.
0 комментария к “ДАР АГЕНТИИ ОМОР ОИДИ ИНТИХОБОТ МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДОИР ГАРДИД”