24.07.23
Таҷрибаи инсоният нишон медиҳад, ҷомеае, ки дар он институти оила мустаҳкам нест, ба нокомӣ ва мушкилоти зиёди иҷтимоӣ печида, дар ниҳоят хавфи аз байн рафтан низ ба он таҳдид мекунад. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба устувории оила ва дар ин замина, ба бунёди ҷомеаи солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 – ро Соли оила эълон карда, таъкид намуданд: «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».
Ҳоло дар мамлакат Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023 амал мекунад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила аз ҳадафҳои меҳварии ин барнома аст.
Имрӯзҳо ҳодисаҳои пошхӯрии оилаҳо ва афзоиши хушунати оилавӣ мавзӯи пурбаҳс аст. Ин раванди ҷомеа, бахусус сохторҳои марбутаи давлатиро то ҷое ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ, барои танзими вазъ дар ин самт тадбирҳои судманд рӯи даст гирифта шудаанд.
Бино ба андешаи равоншиносон, тайёр набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона, надоштани касбу кори муайяни ҳамсарон, таҳаммулнопазирии тарафайн ва монанди инҳо сабабҳои бештари ҷудошавии оилаҳо гардида метавонанд.
Ба иттилои сардори Раёсати омори демографӣ ва шуғли аҳолии Агентии омор Набизода Абдувалӣ дар семоҳаи якуми соли 2023 дар Тоҷикистон 21 ҳазору 428 ақди никоҳ расман сабт шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра шумораи пошхӯрии оилаҳо 3057 ададро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 827 ҳолат кам мебошад.
Тибқи иттилои сардори раёсат, дар семоҳаи якуми соли 2023 мизони талоқ дар кишвар паст гардида бошад ҳам, аммо ин арқом ҳоло ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Сабаби пошхӯрии оилаҳоро таҳлилгарон дар ҷаҳонишавӣ ва шаҳрнишинӣ (глобализатсия ва урбанизатсия) мебинанд, ки омезиши фарҳангҳоро ба вуҷуд оварда, махсусият ва таомулҳои мардумиро осебпазир гардонидааст.
Фарҳанги тоҷикӣ аз қадимулайём пойдории оиларо тарғиб намуда, дар ин замина осори арзишманди зиёдро ба миён овард. Фарҳанги исломӣ низ оиларо муқаддас ва ҳифзи онро ҳатмӣ шуморида, дар ин маврид меъёрҳои ахлоқии зиёдро ҷорӣ намудааст. Аз таърих низ бармеояд, ки тоҷикон оилаҳояшонро бо истифода аз тамоми васила ҳимоят намуда, баҳри ҳифзи он ҳатто аз ҷон гузар мекарданд.
Яке аз сабабҳои хонавайронии оилаҳои ҷавон дар никоҳи бармаҳал ва иҷборӣ арзёбӣ гардад ҳам, талоши волидон ҷиҳати ҳар чӣ зудтар оиладор кардани фарзандон, бахусус духтарон, то ҳол ба мушоҳида мерасад. Ҳар падару модар дар фикри хушбахтии фарзанд аст, вале никоҳи бармаҳалу баъзан маҷбурӣ натиҷаи баръакс медиҳад.
Аз ҷиҳати равонӣ омода накардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, маҷбур ба шавҳар додани духтарон, дахолати якҷонибаи бархе аз волидон ба ҳаёти навхонадорон, хушунати хонаводагӣ, нашъамандӣ ва майпарастии ҷавонписарон, саркашӣ аз масъулиятҳои оилавӣ ва хиёнат заминаҳои вайроншавии оилаҳо дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Дар робита ба баррасии мавзӯи мавриди назар, хулоса ин аст, ки агар навхонадорон саводи кофӣ, ҷаҳонбинии диниву дунявӣ дошта бошанд ва ба арзишҳои рӯзгордорию ҳаётӣ эҳтиром гузоранд, ҳаргиз хушунату зӯроварӣ ва пошхӯрии оилаҳо зуҳур намекунад.
0 комментария к “ДАР СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ РАВОН ДАР ТОҶИКИСТОН ШУМОРИ НИКОҲ ЗИЁДУ ТАЛОҚ КАМ ШУДААСТ”