Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАҶМИ БОРКАШОНӢ 13,8 ФОИЗ АФЗУДААСТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАҶМИ БОРКАШОНӢ 13,8 ФОИЗ АФЗУДААСТ

Дар шаш моҳи соли 2024 дар Тоҷикистон бо ҳамаи намуди нақлиёт 61 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8 фоиз зиёд аст.

Дар ин давра бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликияти дорои нақлиёти автомобилӣ ва шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғул мебошанд, 57,7 миллион тонна тонна бор кашонида шудааст, ки 94,7 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад. Ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ нисбат ба шаш моҳи аввали соли гузашта 14,6 фоиз зиёд аст.

Сохтори боркашонӣ дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ бозгӯи он аст, ки соли равон дар вилояти Хатлон 21,5 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки 37,2 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад. Мутаносибан дар вилояти Суғд 18,4 миллион тонна (32,0 фоиз), Бадахшон-502,8 ҳазор тонна (0,9 фоиз), шаҳри Душанбе – 8 миллион тонна (13,9 фоиз) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 9,2 миллион тонна (16 фоиз) бор кашонида шудааст.

Бо намудҳои гуногуни нақлиёти мусофиркашонӣ дар ҳашт моҳи соли равон 483 миллион 082 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9,0 фоиз зиёд аст. Мусофиркашонӣ бо нақлиёти хушкигард дар ҷумҳурӣ нақши муҳим дорад. Ин аст, ки таносуби он 99,9 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашонии ҳамаи намуди нақлиётро ташкил медиҳад.

Инчунин дар ин давра бо нақлиёти автомобилӣ (вазорату идораҳо; корхонаю ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд, соҳибкорони хусусӣ) 469,7 миллион мусофир кашонида шудаанд.




0 комментария к “ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАҶМИ БОРКАШОНӢ 13,8 ФОИЗ АФЗУДААСТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон