10.10.24
Дар ҳашт моҳи соли 2024 дар Тоҷикистон бо ҳамаи намуди нақлиёт 86,1 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,4 фоиз зиёд аст.
Дар ин давра бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликияти дорои нақлиёти автомобилӣ ва шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғул мебошанд, 82 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки 95,1 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад. Ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ нисбат соли гузашта 15,3 фоиз зиёд аст.
0 комментария к “ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАҶМИ БОРКАШОНӢ 14,4 ФОИЗ АФЗУДААСТ”