20.10.24
Эмомалӣ РАҲМОН
20 октябр дар саросари олам Рӯзи ҷаҳонии омор таҷлил мегардад. Аввалин маротиба соли 2010 дар сессияи 41-уми Комиссияи омории СММ қароре пешниҳод шуд, ки бояд Рӯзи ҷаҳонии омор (World Statistics Day) қабул карда шавад. Инчунин дар баъзе давлатҳо ин рӯзро чун иди касбии кормандони омор ҷашн мегиранд.Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон ин идро таҷлил менамояд. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатии соҳаи омор ба шумор меравад.
Маҳз таваҷҷуҳу дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин радиф Ҳукумати кишвар мебошад, ки дар қатори дигар кишварҳои пешрафта, Тоҷикистон низ кӯшиш намуд, то нишондиҳандаҳои омории миллиро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохта, онро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ созад.
Агентии омор дар давоми 33 соли Истиқлолият бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои сахту сангини зиёди иқтисодӣ ва молиявӣ дар баланд бардоштани сифату ҷамъоварӣ ва муаррифии маълумоти омории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиёти миллӣ бо иқтисодиёти минтақавию байналмилалӣ, зиёд шудани муносибатҳои муштарак бо созмонҳои гуногунсатҳи соҳавӣ, идомаёбии табодули таҷрибаи мутахассисон ва татбиқсозии таҷрибаи муосири байналмилалии оморӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Бояд гуфт, ки ташакули омори расмӣ дар ҷумҳурӣ аз 1 январи соли 2011 бори аввал бо меъёри нав мутобиқи таснифоти байналмилалии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ (ТУНФИ) ба роҳ монда шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Агентии омор дар солҳои 2000 ва 2010 барӯйхатгирии аҳолӣ, соли 2013 барӯйхатгирии кишоварзӣ ва соли 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил бо муваффақият гузаронида шуд.
Агентии омор ҷамъоварӣ ва паҳн намудани маълумотро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» аз 12 январи соли 2010, ки мустақилияти Агентии оморро муқаррар менамояд ва махфӣ нигоҳ доштани маълумотро, ки ба воҳидҳои ҷудогонаи оморӣ пешниҳод мешаванд, кафолат медиҳад.
Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояд ба мақомоти омор ҳисоботи заруриро сари вақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд, зеро баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Аслан омор бо баробари пайдоиши нахустин давлатҳо ба вуҷуд омада, бо тақозои замон инкишоф ёфтааст. Зеро ҳанӯз аз замони қадим шоҳону ҳокимон дарк карда буданд, ки ҷиҳати пеш бурдани фаъолияти давлатдорӣ маълумоти дақиқ доштан дар бораи шумораи аҳолӣ, майдони кишт, саршумори чорво ва миқдори силоҳу аслиҳа бениҳоят зарур аст.
Дар замони муосир бошад, бахши омор ё баҳисобгирӣ дар тамоми кишварҳо ниҳоди махсуси давлатӣ ба шумор рафта, мутахассисон пайваста барои рушди устувори ин соҳа талош менамоянд.
Баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо, дар баробари ҳамаи бахшҳои давлатдорӣ, фаъолият ҷиҳати ҷамъоварии омори дақиқу саҳеҳ ба тарзи бесобиқа густариш ёфта, аз ҷониби давлату Ҳукумат ба ин ниҳоди давлатӣ, яъне мақомоти омори ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Зеро, дар роҳи рушду тавсеа, ҷомеа ба тақозои нав рӯ ба рӯ гашта, нисбат ба омори давлатӣ талаботи бештар, махсусан аз ҷиҳати таркиб ва сифати маълумоти омори расмӣ, ба миён омадааст.
Давоми чанд соли охир мақомоти омори ҷумҳурӣ бо дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти муҳтарами кишвар ва Ҳукумати мамлакат махсусан дар самти мукаммалсозии сифати паҳншавии омори расмӣ, электроникунонии пурраи ҳисоботҳо, ба низоми электронӣ гузаронидани китобҳои баҳисобгирии хоҷагиҳои ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак, кам кардани сарбории ҳисоботии ҳисоботсупорандагон бо роҳи ҷорӣ намудани шакли электронии пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ, таъмини дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир барои ҷамъоварӣ ва ҳифзи маълумотҳо, таъмиру таҷдид ва таъмини шароити мусоиди корӣ барои кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ ва мақомоти маҳаллии омор ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Бояд гуфт, ки барои ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас ва ҳам пешрафти чашмраси соҳа, Агентӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ мондааст. Бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии рушд барои таҳким бахшидани иқтидори системаи миллии омор дар самти ҷамъоварии нишондиҳандаҳои оморӣ, таҳлил, таъмини эътимоднокӣ ва саривақтии пешниҳоди маълумоти оморӣ оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Такмили низоми таснифҳо ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ бо роҳи дар амалияи оморӣ ҷорӣ намудани таснифоте, ки бо муқаррароти байналмилалӣ ҳамоҳанг шудаанд, аз ҳадафҳои аслии барномаву стратегияҳоест, ки барои рушди бахши омор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд.
Танҳо бо ин роҳ баланд бардоштани мутобиқат ва муқоисашавии маълумоти омори расмиро дар дохили кишвар ва сатҳи байналмилалӣ таъмин метавон кард, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин росто қадамҳои устувор мегузорад ва дар давраи миёнамуҳлат Агентиро дастовардҳои назаррасе интизор аст.
0 комментария к “ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМОИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ”