Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ 56-УМИ КОМИССИЯИ ОМОРИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ИШТИРОК ДОРАД

ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ 56-УМИ КОМИССИЯИ ОМОРИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ИШТИРОК ДОРАД

Ҳайати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҷаласаи 56-уми Комиссияи омории Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, ки аз 4 то 7 март дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегузарад, иштирок дорад.

Комиссияи омории Созмони Милали Муттаҳид мақоми олии низоми байналмилалии оморӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар ҷаласаҳои он стандартҳои ҷаҳонии ҷамъоварӣ, таҳлил ва паҳни маълумоти оморӣ баррасӣ ва тасдиқ мешаванд. Дар ҷаласа гузоришҳо оид ба принсипҳои асосии омори расмӣ, нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор ва мушкилиҳои ҷойдошта, низоми ҳисобҳои миллӣ, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, сарчашмаҳо ва усулҳои нави ҷамъоварии маълумоти оморӣ, махсусан истифодаи маълумоти калон баррасӣ мегарданд.

Зимни ҷаласаи сатҳи баланд роҳбарони аввали мақомоти омори давлатҳо оид ба дастовард ва рушди низоми омори миллӣ бо ҷалби шарикони рушд, истифодаи техникаву технологияҳои муосир, гузариш ба ҳисоботи электронӣ ва ҳамгироии махзани маълумот бо дигар вазорату идораҳо, дарёфт ва ба ҳисобот ворид намудани маълумот аз дигар манбаъҳои нави омори расмӣ табодули таҷриба намуда, мушкилоти ҷойдоштаро муҳокима менамоянд.

Дар рӯзи аввали кори ҷаласа маърузаи Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба системаи ҳисобҳои миллӣ ва барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил манзур гардид. Ҳайати Тоҷикистон доир ба дигар мавзуъҳо низ маърузаҳои расмӣ пешниҳод менамояд.

Ҳамзамон дар ҳошияи ҷаласаи мазкур вохӯрии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва роҳбарони мақомотҳои омори давлатҳо дар самти ҳамкориҳои минбаъда дар назар дошта шудааст.




0 комментария к “ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ 56-УМИ КОМИССИЯИ ОМОРИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ИШТИРОК ДОРАД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон