24.10.24
Рушди устувори иҷтимоию иқтисодии солҳои охир дар вилояти Суғд бевосита ба афзоиши савдои чаканаву яклухт ва хизматрасонии пулакӣ таъсири мусбат расонд.
Ҳаҷми гардиши моли чакана ва яклухт дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 14,2 миллиард сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 3,7 миллиард сомонӣ баробар шуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 109,4 фоизро дар савдои чаканаву яклухт ва 103,6 фоизро дар хизматрасонии пулакӣ ташкил намудааст.
Таносуби бештари гардиши савдо ба шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Бӯстон, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд.
Дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои озуқаворӣ гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (17,3 фоиз), маснуоти қаннодӣ (6,5 фоиз), орд (7,4 фоиз), равғани растанӣ (4,7 фоиз), сабзавот (2,9 фоиз), ярма ва лӯбиёӣ (2,4 фоиз), қанду шакар (3,0 фоиз), меваҷот (2,8 фоиз) ва картошка (3,5 фоиз) афзалият дорад.
0 комментария к “ҲАҶМИ САВДОИ ЧАКАНАВУ ЯКЛУХТ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД АФЗОИШ ЁФТААСТ”