22.04.25
Таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои асосӣ дар шароити имрӯза буда, аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад. Имрӯз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ низ ба он равона карда шудааст, ки ҳар порча замин ва рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода карда шуда, маҳсулнокии зироатҳои кишоварзӣ баланд бардошта шаванд.
Ҳамчунин яке аз ҳадафҳои стратегӣ, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун кардани иқтидори содиротии мамлакат таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти ғизоӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин самт нишондиҳандаҳои иқтисодии соҳаи кишоварзии мамлакат нишон медиҳанд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам меафзояд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар семоҳаи якуми соли 2025 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии мамлакат ба 4 миллиарду 271,8 миллион баробар гардид, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 7,2 фоиз зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварию чорводорӣ мутаносибан 106,2 (196,7 млн.сомонӣ) ва 107,3 (4 млрд. 075,1 млн. сомонӣ) фоизро ташкил додааст.
Дар ин давра ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 17 фоизро ташкил дода, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 8,1 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ рост омадааст.
Инчунин дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ асосан ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 74,9 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои ВМКБ 97,7 фоиз, вилоятҳои Хатлон 82,3 фоиз, Суғд 68,1 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 71 фоизро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар моҳҳои январ – марти соли 2025 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 6160,3 тонна сабзавот ва 35,3 тонна буттамевагиҳо истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабзавот 0,1 фоиз ва буттамевагиҳо 21,1 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон то 1 апрели соли 2025 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 2 миллиону 819,6 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 122,1 ҳазор сар ё 4,5 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 7 миллиону 427 ҳазор сарро ташкил дода, 382,4 ҳазор сар ё 5,4 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Аз саршумори умумӣ 93,9 фоизи саршумори чорвои калони шохдор ва 81,9 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.
Саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 5,9 фоиз, Суғд 2,9 фоиз, ВМКБ 2,8 фоиз ва НТҶ 4,4 фоиз зиёд гардидааст.
0 комментария к “ҲАҶМИ УМУМИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МУНТАЗАМ МЕАФЗОЯД”