Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳакимзода ҚУРБОН: Суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон дар сатҳи 111,5 дарсад таъмин гардид

Ҳакимзода ҚУРБОН: Суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон дар сатҳи 111,5 дарсад таъмин гардид

16-уми октябр Ҳакимзода Қурбон, сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон зимни ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор оид ба натиҷагирӣ аз ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар нуҳ моҳи соли 2024 доир ба фаъолияти Сарраёсат ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2024 гузориш дод.

Ӯ зикр намуд, ки Сарраёсати омори Хатлон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, ҳамзамон супоришҳои протоколии ҷаласаҳои мушовараи Агентӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, бо иҷрои 506 кори оморӣ, ки сад фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад, семоҳаи сеюми соли ҷориро сарбаландона ҷамъбаст намуд.

  • Бино ба иттилои Ҳакимзода Қурбон дар вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 28 миллиарду 39,7 миллион сомонӣ баробар шуда, ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11,5 фоиз зиёд аст.

Ҳаҷми ис­теҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ин давра 22 миллиарду 177,1 миллион сомониро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,7 дарсад афзудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ 5 миллиарду 862,5 миллион сомонӣ ё 106,8 фоизро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Ҳакимзода, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 949,7 ҳазор тонна зироатҳои ғалладона истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати рушд 107,6 фоизро ташкил медиҳад.

  • Кишоварзӣ самти афзалиятнок ва пешбарандаи иқтисоди вилоят маҳсуб меёбад. Ин аст, ки фаъолияти истеҳ­солии кишоварзон давра ба давра рў ба афзоиш ниҳода, ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 60 фоизро ташкил медиҳад.

“Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии баланд гардидани ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилоят, ин фарогирии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, бо тартиби муайян тибқи дастурамалҳои тартибдодашуда ҳисоб намудани маҳсулоти кишоварзӣ, баҳисобгирии дурусти саршумори чорво ва дигар чорабиниҳо ба шумор мераванд” – изҳор намуд Ҳакимзода.




0 комментария к “Ҳакимзода ҚУРБОН: Суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон дар сатҳи 111,5 дарсад таъмин гардид

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон