Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ХАТЛОН. Бунёди иншоотҳои ҷашнӣ босуръат идома дорад

ХАТЛОН. Бунёди иншоотҳои ҷашнӣ босуръат идома дорад

Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон 6260 адад иншооти таиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки бунёди иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ, биноҳои истиқоматӣ, таъмиру тармими иншоотҳои таъиноти гуногун дар вилоят босуръат идома дорад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шудаанд, ба ҳолати 1 июли соли 2024 иншоотҳои сохташуда ва аз таъмири куллӣ баровардашуда, 3034 ададро ташкил додааст, ки ин 48,4 фоизи нақшаи пешбинишударо дарбар мегирад.

Ҳамзамон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба миқдори 1,6 миллиард сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ124,1 фоизро ташкил менамояд.

Дар ин давра фондҳои асосӣ ба маблағи 994,3 миллион сомонӣ ва хонаҳои истиқоматӣ дар масоҳати 138,3 ҳазор метри мураббаъ сохта, ба истифода шудааст.

Шумораи корхонаҳои пудратии фаъолияткунанда дар вилоят 181 ададро ташкил дода, бо қувваи худ ба маблағи 877,6 миллион сомонӣ корҳои пудратиро ба анҷом расонидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 46,4 фоиз ё дар ҳаҷми 278 миллион сомонӣ зиёд мебошад.




0 комментария к “ХАТЛОН. Бунёди иншоотҳои ҷашнӣ босуръат идома дорад

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон