Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳисобот

Ҳисобот

Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои тадқиқоти қаноатмандии  истифодабарандагон аз маълумоти оморие ки аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳудудии он (минбаъд-Агентӣ) пешниҳод шудаанд.

1. Муқаррароти ассосӣ

Объекти тадқиқот: истифодабарандагони маълумоти оморӣ.

Предмети тадқиқот: қаноатмандии истифодабарандагони маълумоти омории аз тарафи Агентӣ пешниҳодшуда.

Мақсади тадқиқот: арзёбии сатҳи қаноатмандии истифодабарандагони маълумоти омории аз тарафи Агентӣ пешниҳодгардида

Ҳадафҳои тадқиқот:

  • баҳодиҳии сатҳи талабот ба маълумоти оморӣ;
  • баҳодиҳии сатҳи қаноатмандии истифодабарандагон аз сифати маълумоти расмии омории аз ҷониби Агентӣ пешниҳодшуда;
  • баҳодиҳии сатҳи қаноатмандии истифодабарандагон аз сомонаи расмии Агентӣ  (http://www.stat.tj);
  • баҳодии сатҳи қаноатмандӣ аз фаъолияти Агентӣ дар умум.

Дар доираи лоиҳаи В рамках проекта «Модернизатсияи низоми миллии омор дар Тоҷикистон»барои солҳои 2022-2026 ширкати “Рассел Бедфорд ААА”дар мавриди қаонатмандии истифодабарандагон аз маълумоти оморӣ тадқиқот гузаронида, ба диоари васеи саволҳо посухҳои муфассал гирифт. Ҷамъоварии маълумот дар давраи аз 21\08\2024 то 30\09\2024 гузаронида шуда, тавассути пурсишномаи электронии интернетӣ анҷом дода шуд.

 Пурсишнома аз 3 бахш иборат буд:”Истифодаи маълумоти оморӣ”(11савол), “Фаъолияти Агентӣ оид ба додани омори расмӣ”(10 савол), “Хусусиятҳои истифодабарандагони маълумот”(блоки иҷтимоӣ-демографӣ) (4савол). Дар маҷмуъ 25 савол.

2. Натиҷаи тадқиқот

Натиҷаи пурсиши қаноатмандии истифодабарандагон аз маълумотҳои омории пешниҳодшудаи Агентӣ ва дар маҷмуъ кори Агентӣ дар асосои пурсиши сотсиологии 245 нафар коршиносон, мутахасисони соҳаи иқтисод ва омор, намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои  илмӣ ва таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ аҳли тиҷорат ва ВАО доир гардид.

Пурсиш аз 21 август то 30 сентябри соли 2024 гузаронида шуд. Ҳадафи пурсиш арзёбии сатҳи қаноатмандии истифодабарандагон аз маълумоти омории пешниҳодшудаи Агентӣ буд. Блоки саволҳои иҷтимоӣ-демографӣ нишон дод, ки 67.51% пурсидашудагон мардҳо ва 32,49% занон мебошанд.Социально-демографический блок вопросов показал, что 67.51% респондентов были мужчинами и 32.49% женщин. Аксарияти пурсидашудагон 36-50 сола (55,96%) ва аз руи маълумот аксарияти пурсидашудагон маълумоти олии касбӣ доштанд (95,31%)

Аз ҳамаи онҳое, ки ба савол ҷавоб доданд, 55,23% -корхонаҳои хусусӣ, 13,72%-мақомоти марказ, 11,19%-ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, 6,14%-мақомоти маҳаллӣ, 3,61%-омӯзгорон ва донишҷуён, 1,81%– ташкилотҳои байналмилалӣ, 1,44% -ВАО , 0,36%- истифодабарандагонӣ хусусӣ, 3,25% -тадқиқотчиён ва 3,25% дигар намуди соҳаҳои фаъолият.

3. Талабот ба маълумоти оморӣ Натиҷаи тадқиқотҳо нишон дод ,ки ба маълумотҳои момрӣ талабот зиёд буда, мунтазам истифода бурда мешавад.5,78%-пурсидашудагон ҳар ҳафта, 35,38%- ду се маротиба дар як моҳ, 23,10%- ҳар семоҳа, 9,39%-якчанд маротиба дар як семоҳа, 8,30%-дар нимола як маротиба ба маълумоти оморӣ дастрасӣ пайдо мекунад.

Мақсадҳои истифодаи маълумотҳои оморӣ аз ҷониби пурсидашудагон гуногунанд. Ҳамин тавр аксарияти коршиносон барои таҳияи ҳисоботҳо, пешгуиҳо оид ба иҷрои вазифаҳоихизматӣ- 40,48%, инчунин барои таҳлили маълумот-40,82%, фаъолияти касбӣ\тиҷорат\таҳқиқоти маркетингӣ-32,65%, тадқиқоти илмӣ-20,41%, таҳқиқоти таълимӣ-8,98%. Инчунин бояд қайд кард, ки 31,84% барои таҳияи сиёсат ва қарорҳои идоракунӣ ва 12,65% барои таҳияи гузориш ва нашрияҳо истифода бурда мешавад.

Таваҷҷуҳи бештари истифодабарандагонро маълумоти оморӣ дар соҳаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ– 55,51%, дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ-42,45%, молия- 38,72%, демография – 20,82%, саноат-19,18%, ҳисобҳои миллӣ- 18,37%, туризм- 16,73%, нақлиёт ва алоқа- 16,33%-ро ташкил медиҳад.

Бештар пурсидашудагон аз чунин манбаъҳои ба даст овардани маълумоти оморӣ, аз қабили баёнияи матботии расмии Агентии омор-55,57%, нашрияҳои агунтии омор (ба намуди коғазӣ- маҷмуаҳо , бюллетенҳо) –41,22%, воситаи ахбори омма-38,78% истифода мебаранд. Инчунин муроҷиат ба Агентӣ\мақомотҳои ҳудудии он (дар шакли хаттӣ дар кағаз, дар шакли ҳуҷҷати электронӣ, тавассути телефон, қабули шахсӣ)-26,94%.

Қисми зиёди пурсидашудагон мавод\маълумотро дар шакли эдектронӣ (аз сомонаи расмӣ бе пул бор кардаанд, тавассути ссилкаҳо гирифтаанд)-67,51%, аз Агентии омор дар шакли омехта (ҳам электронӣ ва ҳам коғазӣ)-24,55%, дар шакли коғазӣ(бо дархости расмӣ ва варақаҳои дар конфронсҳо додашуда ва ғ)-7,94% мебошад.

4. Дастрасии маълумоти оморӣ

Ҳангоми пурсидани он, ки маълумоти оморӣ аз руи минтақа то чӣ андоза дастрас аст, дастрасии бештари маълумотро омори судӣ ва омори ҷинояткорӣ-25%-и пурсидашудагон ва оттилооти осонтаринро ҳифзи муҳити зист-81,82% пурсидашудагон қайд карданд..

5. Қаноатмандӣ аз маълумоти оморӣ

Ҳангоми пурсиш муҳим буд , ки то чӣ андоза истифодабарандагон аз сифати маълумоти омори расмӣ қаноатманданд баҳо диҳем.Аз пурсидашудагон хоҳиш карда шуд, ки маълумоти омори расмиро аз руи қисмҳо баҳодиҳӣ кунанд.

Аз руи холи максималии 5 хола , баҳои аз ҳама баландро ба омори минтақавӣ доданд-4,2 хол ва аз ҳама пасташро “ҳуқуқвайронкунӣ ва омори судӣ”-3,8 хол дода шуд.

Инчунин пешниҳод карда шуд, ки маълумоти омори расмӣ аз руи меъёрҳои зерини сифат арзёбӣ карда шавад: шакли тафсилоти иттилоот, намуди пешниҳод(doc,excel), самаранокӣ, аниқи, мувофиқат, мувофиқат ба талабот, дастраси ба маълумот, актуалӣ будани маълумот, осонии хондан, шарҳҳо ва таҳлил муаррифии графикии маълумот ва осонии истифодаи манбаъ.

Баҳои аз ҳама баландро меъёри “актуалӣ будани маълумот”бо 3,97; аз ҳама баҳои пастро “сатҳи муфассалии иттилоот”-3,83 гирифтанд.

Аз пурсидашудагон хоҳиш карда шуд, ки тавзеҳоти методологии маълумотҳои оморӣ барои онҳо то чӣ андоза равшан аст баён намоянд.

Аксарияти пурсидашудагон қайд карданд, ки ба онҳо комилан фаҳмо буданд – 63,90% (аз 25,58%), хеле фаҳмо – 35,02% (аз 73,95%), хеле норавшан ва нофаҳмо – 1,08%.

13

Аз пурсидашудагон хоҳиш карда шуд, ки ҳаҷми мавҷудаи маълумоти омориро дар заминаи соҳаҳои нашркардаи Агентӣ арзёбӣ кунанд.

Дараҷаи баланди дастрасии кофии омори ҳисобҳои миллӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ, нақлиёт ва коммуникатсия – 100% ва нокифояи маълумот оид ба омори соҳибкорӣ – 27,27 % ҷиноятҳо ва низоми судӣ – 25,00% ба қайд гирифта шудааст.

Ба саволи Шумо то чи андоза ба маълумотҳои расмии оморӣ боварӣ доред, посухдиҳандагон чунин тақсим шудаанд: “Ман комилан бовар дорам” 95,45% – маълумот оид ба омори “ҳифзи муҳити зист”, дар ҷои дуюм – маълумот оид ба “соҳаи кишоварзӣ” (93,60%)”, ба то андозае бовар дорам» 54,55% — маълумоти омори “тичоратй”, «то андозае бовар надорам» 8,33% — истехсолот (таъминот). Дар байни ҳамаи ҷавобҳо 82,69% ҷавобҳо «ба маълумоти оморӣ комилан эътимод доранд», 16,54% – «то андозае эътимод дорам», 0,77% – «то андозае бовар надорам», 0,00% – «боварӣ надорам» .  Дар пурсишномаи охир пурсидашудагон ба таври зерин баҳо додаанд: 71,51% ба маълумоти оморӣ комилан эътимод доранд, 26,33% то андозае эътимод доранд, 1,96% то андозае бовар надоранд ва 0,20% бовар надоранд.

Бештари пурсидашудагон истифодаи ҷадвалҳои оморӣ – 75,92%, маҷмӯаҳои оморӣ – 47,76% ва баррасиҳои таҳлилӣ – 36,73% -ро афзал донистанд..

Ба гуфтаи пурсидашудагон, сабабҳои асосии ба сифати маълумоти оморӣ осеб расонидан ин набудани нишондиҳандаҳо – 58,53%, эътимоднокии нишондодҳо – 20,46%, давраи пешниҳод – 13,53%, тавзеҳи методӣ – 5,17%, шакли пешниҳоди нишондихандахо — 2,31%  Ва аз рӯи самтҳо чунин ба назар мерасад:

6. Қаноатмандӣ аз фаъолияти Агентӣ дар маҷмӯъ ва кори сомонаи  расмӣ

 Ҳангоми пурсиш муҳим буд, ки то чӣ андоза корбарон аз сифати сомонаи  расмии Агентӣ қаноатманданд.  Аз шумораи умумии пурсидашудагон 67,51% аз сомонаи расмии Агентӣ дидан кардаанд.

Аз пурсидашудагон хоҳиш карда шуд, ки сомонаи расмии Агентиро аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ кунанд.

 Бо 5 хол баҳои баландтарин ба “осонии дарёфти иттилоот” 3,97 хол, “Таассуроти умумии шумо” 3,93 хол, “бароҳатӣ” 3,89 хол, “пурра будани пешниҳоди иттилоот” 3,83 хол, “сари вақт навсозӣ кардани иттилоот” 3,82 хол;  Баҳои пасттаринро “интерфейс” гирифтааст – 3,77 хол.

 Дар маҷмӯъ, кори сомонаи расмии Агентӣ 3,9 хол баҳо дода шуд, ки нисбат ба рейтинги қаблӣ (4,2 хол) 0,3 хол паст аст.

Аз пурсидашудагон инчунин хоҳиш карда шуд, ки фаъолияти Агентиро дар соли 2023 арзёбӣ кунанд.   81,59% “мусбат”, 4,69% “ҳеҷ чиз тағир наёфтааст” ва 10,83% “болотар аз интизориҳо” арзёбӣ кардаанд.

Дар ҳолати нишондиҳандаи аз ҳама баланд 5 хол будан , индекси  қаноатмандӣ 3,91 холро ташкил дод, ки нисбат ба арзёбии қаблӣ 0,13 пункт камтар аст.

Индекси қаноатмандӣ бо истифода аз формулаи зерин ҳисоб карда шудааст 

ки дар ин ҷо –

нишондихандаи каноатмандӣ аз маълумоти расмии оморӣ –

нишондиҳандаи қаноатмандӣ аз маълумоти оморӣ, ки аз ҷониби Агентӣ тибқи меъёрҳо пешниҳод шудааст.

Дар анҷоми омӯзиши корбарон ба корбарон имкон дода шуд, ки оид ба фаъолияти Агентии омор тавсияҳои мухтасар пешниҳод кунанд.

Тавсияҳои асосӣ инҳо буданд:

 – навсозии мунтазами сомонаи расмӣ;

 – сари вақт пешниҳод намудани маълумот;

 – гузаронидани санҷишҳои нав;

 – гузаштан ба ҳисоботдиҳии пурраи электронӣ.




0 комментария к “Ҳисобот

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон