Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ХУШҚАДАМ ОДИНЕКОВ: ШУМОРАИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР ДАР ВМКБ 17,8 ФОИЗ ЗИЁД ГАРДИДААСТ

ХУШҚАДАМ ОДИНЕКОВ: ШУМОРАИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР ДАР ВМКБ 17,8 ФОИЗ ЗИЁД ГАРДИДААСТ

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нимсолаи якуми соли ҷориро бо иҷрои 212 кори оморӣ, ки сад фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, ҷамъбаст намудааст. Хушқадам Одинеков, сардори Сарраёсати омори ВМКБ аз рӯйи ин масъала дар ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор гузориши муфассал дода, аз ҷумла таъкид кард, ки Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ зикр шуданд ва қарори ҷаласаи васеи мушовари Агентии омор роҳандозӣ намуда, дар нимсолаи якум ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Ба гуфтаи Хушқадам Одинеков аз 212 кори омории иҷрошуда 26 кор ба соҳаи омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмон, 54 кор ба омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, 14 кор ба омори молия, 26 кор ба омори бақайдгирии нарх ва тарифҳо, 7 кор ба омори таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо, 30 кор ба омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, 55 кор ба омори иҷтимоӣ, захираҳои моддӣ, савдо, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, омори нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ тааллуқ дорад.

Тибқи иттилои ӯ тариқи «Равзанаи ягона» дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 9846 адад субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1492 адад ё 17,8 фоиз зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор, соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда 8185 ададро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1418 адад ё 20,9 фоиз зиёд гардидааст.

аз инҳо:

– бо патент 1275 адад (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 102 адад ё 8,7 фоиз зиёд);

– бо шаҳодатнома 3043 адад (516 адад ё 20,4 фоиз);

-Хоҷагиҳои деҳқонӣ 3867 адад (1080 адад ё 38,7 фоиз зиёд).

Инчунин, аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор, то 1-уми июли соли 2024 шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда дар ҳудуди вилоят 1658 ададро ташкил додааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ, 84 адад ё 5,3 фоиз зиёд шудааст.

  • Ҳамзамон то имрӯз 3 филиал намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда дар ҳудуди вилоят ба қайд гирифта шудааст.

“Сарраёсат ҷиҳати амалӣ намудани қарори Раиси вилоят аз 23 апрели соли 2024, №127 “Оиди таъсис додани ситод ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар самти соҳаи кишоварзӣ” бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқониро назорат намуда, дар ин муддат шумораи хоҷагиҳои инфиродии бақайдгирифташуда ба 3867 адад расонида шуд. Ҳамзамон шумораи кооперативҳои истеҳсолӣ ба 115 адад расонида шуда, ба ҳисоботҳои кишоварзӣ фаро гирифта шуданд”- таъкид дошт Одинеков замни баромад.

Кормандони Сарраёсати омори вилоят ва бахшҳои он ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии ҳамаи супоришҳои роҳбарият ва Барномаи корҳои оморӣ дар оянда низ чораҳои зарурӣ меандешанд.




0 комментария к “ХУШҚАДАМ ОДИНЕКОВ: ШУМОРАИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР ДАР ВМКБ 17,8 ФОИЗ ЗИЁД ГАРДИДААСТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон