04.10.24
Чи тавре иттилоъ гардида буд, пас аз семинар оид ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз 2 то 4 октябр Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оғоз гардида, имруз ба итмом хоҳад расид. Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили навбатӣ якчанд таклифу пешниҳодҳои назаррасро қайд намуданд.
Ҷаласаи коршиносон ҳамчун ҳамоиши муҳим барои тамоми давлатҳо арзёбӣ мегардад, зеро дар кори он ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ оид ба беҳтар намудани раванди гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилили соли 2030 дар асоси таҷрибаи худ таклифу пешниҳодҳо менамоянд. Ҳамаи таклифу пешниҳодҳои давлатҳо, ки қобили қабул ва амалӣ намудан мебошад, аз ҷониби шуъбаи иҷтимоии СММ ба инобат гирифта шуда, ҳамчун дастурамал барои тамоми давлатҳо пешниҳод мегардад.
0 комментария к “Идомаи Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил”