29.08.23
Санаи 7-уми сентябри соли 2021 бахшида ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси тантанавӣ «Истиқлолияти Тоҷикистон поянда бод!» баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир ҳамаи ҳозиринро хайра мақдам намуда, баъди садо додани Суруди миллӣ, зимни суханронӣ ҳамаи иштирокчиён ва кулли мардуми ноҳияро бо фарорасии ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.
Баъдан сухани табрикиро ба намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода, қайд намуданд, ки Баҳри табрики мардуми шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов, имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин ташриф оварданд, ки меҳмонони гиромиро ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳайрамақдам мегӯям.
Раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир сухани табрикиро ба намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дода, қабл аз суханронӣ миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳия ва кулли сокинони ноҳияи Ҷаббор Расуловро иброз намуданд. Қайд намуданд, ки аз рузе, ки Шумо ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов вобаста гардидед, тибқи роҳнамоии Шумо баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Зикр гардид, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Шумо зиёда аз 100 оилаҳои ниёзманд аёдат карда шуда, ба онҳо маводҳои озуқаворӣ дастрас гардид, ки чунин хизматҳои шоистаи Шуморо муҳтарам муаллимаи азиз мардуми ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо намояндагӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ба ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо ва хонадони Шумо рӯзгори ободу осуда, барору муваффақиятҳо, сиҳатию саломатӣ, умри бардавом ва ба Ватани азизамон соҳибистиқлолӣ ва озодии ҷовидониро таманно мекунем.
Баъдан зимни сухани табрикоти оид ба рушди иқтисодиёт ва дастовардҳои замони Истиқлолият бо таҳлил ва овардани факту рақамҳои оморӣ гуфта гузаштанд.
Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи ҳозирин ва дар симои Шумо ҳамаи сокинони ноҳияи Ҷаббор Расуловро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо намояндагӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо сиҳатию саломатӣ ва барори корро орзумандем. Бигзор, ки Ватани азизу арҷманди мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша ободу бегазанд ва Парчами Истиқлоли давлатии он ҳазорсолаҳо болои сари миллати куҳанбунёду тамаддунофари мо партавфишон бошад.
Баъдан сухани табрикоти ба намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин дода шуд, ки табрикоти Раиси вилоятро ба ҳамаи ҳозирин расонид. Ҳамчунин оид ба дастовардҳои вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузаштанд.
Баъдан бо мақсади ҳавасманд гардонидани як гурӯҳ фаъолон, намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия 100 нафар бо қарори Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
0 комментария к “Иштирок дар маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳангӣ ноҳияи Ҷаббор Расулов”