Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни наврӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни наврӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи 21 марти соли 2023 дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона доир гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ, роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек иштирок намуданд.

Сараввал раиси ноҳия ба сухан баромада, сокинони ноҳия ва иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни Наврӯз муборакбод намуда, барояшон тансиҳатӣ, рӯзгори обод, бахту саодат, дастурхони пурфайз ва сари баланду барори кор орзу намуд.

Сипас, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфт.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати омори Суғд Накҳатзода Ҳокимбек паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Ҳамзамон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз байни ташкилоту корхонаҳои ҳудуди ноҳия барои дарёфти ҷоми раиси ноҳия мусобиқаи варзишӣ дар намуди «футбол» дар байни зиёда аз 15 даста ташкил ва гузаронида шуда, аз ҷониби доварон ғолибон муайян карда шуданд. Дар арафаи ин ҷашни фархунда ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.

Сипас, санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо барномаи рангини фарҳангӣ чорабинии идонаро ҳусни дучанд бахшиданд.

 




0 комментария к “Иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни наврӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон