29.08.23
Аз 24 апрели соли ҷорӣ Форуми Ҷаҳонии маълумотҳои СММ дар шаҳри Ҳанжови Ҷумҳурии халќии Чин оғоз гардид. Форуми мазкур то санаи 27 апрел идома ёфта, дар он намояндагони мақомотҳои омори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони дигар сохторҳои давлатҳо, ки бевосита бо ҷамъоварӣ, ҷамъбаст ва паҳнкунии маълумотҳо машғуланд, иштироки расмӣ ва маҷозӣ хоҳанд дошт.
Ҳадафи асосии Форуми дар Ҷалсаи навбатї, ин баррасии масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи омор, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташаккули мавқеъи минтақавї барои пешбурди омори расмӣ мутобиқи ӯҳдадориҳои мавҷуда, аз ҷумла дидгоҳи дастаҷамъӣ ва дар доираи муқаррароти тасдиқшуда барои кишварҳои Ҷаҳон мебошад. Яке аз маќсадҳои асосии баргузории Форум, ин баррасии наќшаҳои минбаъда Ҷиҳати ташаккули нишондиҳандаи омории даќиќу сариваќтии Ҳадафҳои Рушди Устувор арзёбӣ мешавад.
Форум бо ироаи сухани табрикии Президенти Ҷумҳурии Халқии Чин ҷаноби Си Ҷин Пин аз ҷониби муовини Шурои Миллии Чин оғоз гардид.
Сипас сухани табрикӣ ва тавсиявии Роҳбари СММ ҷаноби Антонио Гутерич дар шакли маҷозӣ шунида шуд. Ба ҳамин тартиб дигар шахсони воломақоми Ҷумҳурии Халқии Чин ва СММ суханронӣ намуда, кори Форуми мазкурро пеш аз ҳама барои беҳтар гардидани сифати нишондиҳандаҳои оморӣ ва дар ин замина ҷиҳати амалисозии дурусти сиёсати пешгирифтаи давлатҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин Форум Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва сардори шуъбаи методология ва таснифоти Агентии омор Ташрифзода Қиёмиддин иштирок доранд.
0 комментария к “Иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маросими кушодашавии Форуми Ҷаҳонии Маълумотҳои СММ”