20.11.23
Ҳайати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Директори Агентӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмиллалии таҳиякунанда ва истифодабарандагони маълумоти оморӣ ва ҷаласаи навбатии 67-уми Шўрои роҳбарони мақомотҳои омори давлатҳои ИДМ санаи 12-14 сентябри соли 2023 дар шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Руссия қарор доранд.
Форуми байналмиллалии мазкур аз ҷониби Кумитаи омори ИДМ ташкил гардидааст. Ҳадафи асосии чорабинии мазкур гирд овардани намояндагони мақомоти омори давлатҳои аъзо, ки дар раванди таҳияи маълумоти оморӣ масъул мебошанд, тадбирҳои баланд бардоштани сифати маълумотҳои омори расмӣ, такомули мунтазам ва ҳамоҳангсозии низоми омори миллӣ ба низоми омори байналмилалӣ ва принсипҳои асосии (фундаменталии) омори расмӣ, раванди ракамикунонии иттилооти омори, истифодаи захираҳои инсонӣ дар раванди таҳияи маълумотҳои оморӣ мутоибик ба меъёрхои байналмилали, ба ҳисоб меравад. Дар кори форум маърӯза ва рӯнамои Директори Агентии омор муҳтарам Ҷ.Нурмамадзода дар мавзӯи “Навкунии низоми омори миллӣ” ба самъи иштирокдорон расонида шуд.
Дар ҳошияи Форуми мазкур санаи 14 сентябр ҷаласаи навбатии 67-уми Шўрои роҳбарони мақомотҳои омори давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар ин ҷаласаи сатҳи баланд масъалаҳои мубрам аз ҷониби роҳбарони мақомотҳои омори давлатҳо матраҳ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
0 комментария к “Иштироки ҳайати Агентии омор дар Форуми байналмилалӣ”