29.07.24
Аз 23-юм то 27-уми июли соли 2024 бо мақсади иштирок дар Форуми навбатии байналмилалии сармоягузории “Помиринвест – 2024” инчунин шиносоӣ бо фаъолияти Сарраёсати Агентии омор дар ВМКБ ва мақомоти маҳаллии он ва ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа, ҳайати гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Директори Агентии омор Асо Нурулло Асват сафари корӣ анҷом доданд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ дар Форуми байналмилалии «Помиринвест-2024», ки 26 июли соли равон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар форуми мазкур, ки созмондиҳандагони он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, зиёда аз 300 нафар соҳибкорон, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, шарикони рушд, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.
Иштирокдорони форум нахуст аз намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои маҳаллӣ, дастранҷи деҳқонону косибон, ҳунармандон, муҳрабофону зардӯзон, ки дар растаҳои алоҳида ба намоиш гузошта шуда буд, дидан карда, масъулини вилоят имконият ва зарфиятҳои рушди Бадахшонро муаррифӣ намуданд.
Форуми байналмилалии «Помиринвест-2024» бо намоиши навори видеоӣ оид ба имкониятҳои самоягузорӣ ва сайёҳӣ дар Бадахшон оғоз гардида, дар ду панел – ҷалби сармояи ватанӣ, хориҷӣ ҷиҳати устувор намудани иқтисодиёти Бадахшон ва баланд бароштани саводнокӣ ва малакаи соҳибкорон дар бахши молия ва бонкдорӣ гузаронида шуд.
Ҳадафи асосии ин чорабинӣ ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят, рушди соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкории корхонаю ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ бо корхонаю ширкатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзёбӣ гардида, байни соҳибкорони ватанӣ ва намояндагони корхонаву ширкатҳои хориҷӣ дар маҷмӯъ ба маблағи беш аз 1,4 миллиард сомонӣ шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.
0 комментария к “ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ПОМИРИНВЕСТ-2024»”