15.02.24
Ҳайати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Директори Агентии омор рӯзҳои 13 – 15 декабри соли 2023 дар ҷаласаи 19-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Донишкадаи омори СММ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ва семинари идоравии 18-ум барои роҳбарони аввали мақомотҳои омори минтақа ширкат доранд. Баргузории ҷаласаҳои мазкур дар шаҳри Куала-Лумпури Ҷумҳурии Малайзия муайян шуда, кори он имрӯз 13 декабр оғоз гардид.
Инчунин, дар ҳошияи ҷаласаи Шӯро, семинари идоравии 18-ум барои роҳбарони аввали мақомотҳои омори минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, аз ҷониби бахши омори Комиссияи иктисодӣ ва иҷтимоии СММ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ташкил гардида, дар он иштирокчиён имконият доранд оид ба рушди низоми омори миллӣ ва дастовардҳои соҳа табодули таҷриба ва муошират намоянд. Мавзӯи асосӣ дар ин семинар, ин риояи дурусти принсипҳои асосии омори расмӣ дар мақомотҳои омори давлатҳои минтақа мебошад.
0 комментария к “ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР ҶАЛАСАИ 19-УМИ ШӮРОИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ДОНИШКАДАИ ОМОРИ СММ ДАР МАЛАЙЗИЯ”