Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Иштироки ҳайати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа оид ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил

Иштироки ҳайати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа оид ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Асо Нурулло Асват рўзҳои 30 сентябр – 4 октябри соли 2024 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон ва семинари барӯйхатгирии аҳолӣ ва манзили СММ иштирок намуда истодаанд.  Ҷаласаҳои маҳзкур аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфузи Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA)  ва Кумитаи омори ИДМ ташкил гардидааст.

Ҷаласаи Гурӯҳи коршиносон ҳамчун платформа барои идораҳои оморӣ барои табодули таҷриба байни кишварҳо хизмат намуда, баланд бардоштани дониш оид ба масъалаҳои банақшагирӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва манзил ва мусоидат намудан ба таҳия ва татбиқи Тавсияҳои Конфронси оморчиёни Аврупо оид ба барўйхатгирии аҳолӣ ва манзил яке аз масъалаҳои асосии чорабинии мазкур ба ҳисоб меравад.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони давлатҳо рӯнамо дар самти гузаронидан, ҷамъбаст, таҳлил ва нашри маълумотҳои барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи соли 2020, инчунин омодагӣ ва нақшаҳо барои барӯйхатгирии марҳилаи соли 2030 пешниҳод гардид. Муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Асо Нурулло Асват оид ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд, ки дар чорабинии мазкур баҳои баланд гирифт.

Қобили кайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ се маротиба барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро (бо даврияти ҳар 10 сол) гузаронид. Истифодаи техникаву технологияи муосир дар рафти гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил яке аз пешравӣ ва навоварии марҳилаи навбатии барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 ба ҳисоб меравад. Дар давраи гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се усул: дастӣ (яъне анъанавӣ), бори нахуст пурсиш тариқи планшет ва Интернет-пурсиш истифода бурда шуд ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Иштирок дар ҷаласаҳои мазкур ба мақомоти омори ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки оид ба ҳама намуди таҷриба дар самти банақшагирии барӯйхатгирии аҳолӣ, усулҳои нави ҷамъоварии маълумот, ҷамъбаст ва паҳнкунии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ маълумот пайдо гардад, зеро онҳо метавонанд барои раванди ташкилии барӯйхатгирии ояндаи дар ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

Кори ҷаласаи мазкур идома дорад.




0 комментария к “Иштироки ҳайати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа оид ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон