Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Иштироки ҳайати кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати табодули таҷриба дар рушди методологияи баҳисобгирии оморӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон

Иштироки ҳайати кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати табодули таҷриба дар рушди методологияи баҳисобгирии оморӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон

Ҳайати кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои  18-22  декабри соли 2023 ҷиҳати табодули таҷриба дар рушди методологияи баҳисобгирии оморӣ, тадбирҳои баланд бардоштани сифати маълумотҳои омори расмӣ, рақамикунонии низоми баҳисобгирии оморӣ  дар Агентии омори назди назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон қарор доштанд.

Ҳадафи асосии  табодули таҷриба ин аз усулҳои ҳисоби саҳеҳии нишондиҳандаҳои омори соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, савдои хориҷӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ, системаи ҳисобҳои миллӣ ва муҳосибавӣ, такомули доимӣ ва ҳамоҳангсозии маълумотҳои оморӣ бо низоми омори байналмилалӣ иборат буд.

Дар ҷараёни сафар аз ҷониби ҳайати гўрўҳи корӣ  масъалаи ташаккули нишондиҳандаҳои маҳсулоти саноатӣ, ҳисоби индекси ҳаҷми физикии маҷмўи маҳсулоти саноатӣ, усулҳои баҳисобгирии фаъолияти истеҳсоли хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, ҳаҷми боркашонии маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ, такмил додани шаклҳои ҳисоботҳои омории соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист бо методологияи баҳисобгирӣ ва дастурамалҳо, тарзи гузаронидани таҳқиқотҳои интихобии соҳаи кишоварзӣ барои баҳисобгирии фаъолияти истеҳсолии хоҷагиҳои аҳолӣ дар самти растанипарварӣ ва чорводорӣ,  инчунин  вобаста ба фаъолияти  маркази муҳосибон, такмили нишондиҳандаҳои ҳисобҳои миллӣ ба стандарти нави байналмиллалӣ СҲМ-2008, дуруст арзёбӣ намудани сармоягузориҳои хориҷӣ аз ҷумла сармояи мустақим, ҷомадонӣ ва дигар сармоягузориҳо, инчунин усулҳои баҳисобгирии қарзҳою кўмакҳои бебозгашт (грант)  тибқи талаботи “Таснифоти намуди фаъолияти иқтисодӣ, тафсири 2”, масъалаҳои баҳисобгирии омори сайёҳӣ, инчунин такмили омори савдои хориҷӣ аз ҷумла омўзиши ҳисоби индексҳои ҳаҷми аслии содирот ва воридоти молу маҳсулот, таҳлили омори оинавӣ байни мамлакатҳои шарик,  мавриди баррасӣ  қарор дода шуд.

Дар давоми вохурӣ  аз ҷониби мутахассисони Анентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон вобаста ба масълаҳои дар боло зикршуда ба тариқи рўнамо маълумот манзур гардида, зимнан муҳокимаи мутақобила низ  сурат гирифт. Ҳамзамон дар ҳошияи сафар ҳайати гурўҳи корӣ аз натиҷаи фаъолияти маркази муҳосибавии Ассотсиатсияи хоҷагиҳои фермерӣ дар ноҳияи Уртачирчики вилояти Тошканд, инчунин ташаккули ҳисоботҳои оморӣ дар ҷамоати деҳоти Қаросу ва аз натиҷаи  фаъолияти  мақомоти омори шаҳри Тошканд ва ноҳияи Учтеппаи шаҳри Тошканд шиносоӣ намуданд.

Илова ба ин дар рафти сафар вохурӣ бо Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии  Узбекистон Бегалов Баходур Абдусаломович гузаронида шуда, дар рафти вохурӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкории минбаъда ва таҳияи меморандум барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.




0 комментария к “Иштироки ҳайати кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати табодули таҷриба дар рушди методологияи баҳисобгирии оморӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон