Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМИНАРИ МИНТАҚАВӢ БАРОИ РОҲБАРОНИ АВВАЛИ МАҚОМОТҲОИ ОМОРИ МИНТАҚАИ ОСИЁ ВА УҚЁНУСИ ОРОМ ДАР ШАҲРИ УЛАН-БАТОРИ МУҒУЛИСТОН

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМИНАРИ МИНТАҚАВӢ БАРОИ РОҲБАРОНИ АВВАЛИ МАҚОМОТҲОИ ОМОРИ МИНТАҚАИ ОСИЁ ВА УҚЁНУСИ ОРОМ ДАР ШАҲРИ УЛАН-БАТОРИ МУҒУЛИСТОН

4 сентябр дар шаҳри Улан-Батори Ҷумҳурии Муғулистон семинари минтақавӣ дар мавзуи “Баландбардории малакаҳои роҳбарикунии омории роҳбарони аввали мақомотҳои омори минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором” оғоз гардид, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар семинари мазкур Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода роҳбарӣ менамояд.

Семинари минтақавӣ аз ҷониби Донишкадаи омори СММ барои давлатҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ташкилоти байналмилалии Ҳамкорӣ дар самти омор, бо мақсади рушд дар асри XXI (ПАРИС21) ташкил гардида, дар он иштирокчиён имкон доранд, ки оиди низоми идоракунии маълумотҳои оморӣ, бухусус таҷрибаи мақомотҳои омор дар самти гузариш ба ҳисоботҳои оморӣ бо истифодаи васеи технологияҳои муосир дар раванди ҷамъоварии маълумотҳо, идоракунии кадрҳо, ҳавасмандкунии кормандон ва иҷрои вазифаҳо табодули таҷриба ва муошират намоянд.

Ҳадафи асосии семинар, ин пеш аз ҳама баланд бардоштани малакаҳои роҳбарикунии роҳбарони аввали мақомотҳои омори давлатҳо бо дарназардошти васеъ гардидани ҳаҷми маълумотҳои оморӣ ва талабот ба маълумотҳо арзёбӣ мегардад.

Семинари мазкур имрӯз, 4 сентябр оғоз гардида, то 6 сентябр идома меёбад.




0 комментария к “ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМИНАРИ МИНТАҚАВӢ БАРОИ РОҲБАРОНИ АВВАЛИ МАҚОМОТҲОИ ОМОРИ МИНТАҚАИ ОСИЁ ВА УҚЁНУСИ ОРОМ ДАР ШАҲРИ УЛАН-БАТОРИ МУҒУЛИСТОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон