05.12.24
Рӯзи 5-уми декабр таҳти раёсати Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи 71-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба тариқи маҷозӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур аъзои Шуро, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ ва Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ иштирок намуданд.
Дар кори Шуро як қатор масъалаҳои марбут ба рушди фаъолияти мақомоти омор дар ҳудуди ИДМ, аз ҷумла, раванди иҷрои Лоиҳаи “Рушди омори ИДМ дар соли 2024” ва тақвияти салоҳиятҳои касбӣ дар соҳаи омор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷониби ширкаткунандагон Барномаи кори Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ барои соли 2025 тасдиқ гардид ва мувофиқа ҳосил шуд, ки раисии Шуро дар соли 2025 ба зиммаи Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Озорбойҷон Т.Я.Будагов вогузор гашта, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамраиси Шуро дар соли оянда хоҳад буд.
Ҳамчунин дар Шуро К.Э.Лайкам барои сесолаи навбатӣ Раиси Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ интихоб шуд.
Бояд зикр кард, ки қарорҳои қабулшуда дар Шуро барои мукаммалгардии фаъолияти мақомоти омор дар минтақаи ИДМ ва ба тақвияти ҳамкориҳо дар ин замина мусоидат хоҳанд кард.
0 комментария к “ҶАЛАСАИ 71-УМИ ШУРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ КИШВАРҲОИ ИДМ БАРГУЗОР ШУД”