Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҶАЛАСАИ МУТАХАССИСОНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ОИДИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ МУҚОИСАВИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ҶАЛАСАИ МУТАХАССИСОНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ОИДИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ МУҚОИСАВИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Рӯзҳои 18-19 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи мутахассисони мақомоти омори давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оиди татбиқи Барномаи муқоисавии байналмилалӣ (ПМС) дар минтақаи ИДМ, инчунин пешниҳоди тавсияҳо дар самти таҳқиқи нархҳои истеъмолию ғайриистеъмолӣ ва дигар масъалаҳо баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти омори Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи омори ИДМ иштирок доштанд.

Рӯзи аввал ҷаласаро муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло Асват ҳусни оғоз бахшида, аз номи роҳбарияти Агентии омор ба иштирокдорони ҷаласа дар баргузорӣ ва ҳаллу татбиқи масъалаҳои гузошташуда барору муваффақиятҳо таманно намуд.

Ҳамзамон Асо Нурулло баргузории ҷаласаи мазкурро дар беҳтар гардидани низоми мақомоти омори давлатҳои иштирокдори ИДМ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки мо мутахассисони соҳаи омор дар татбиқи Барномаи муқоисавии байналмилалӣ метавонем танҳо бо пешниҳоди маълумоти дурусту боэътимод ва шаффоф саҳм дошта бошем.

Дар ҷаласа тибқи барнома 4 мавзӯъ муҳокима ва баррасӣ гардиданд:

  • Рафти корҳо дар самти татбиқи Барномаи муқоисавии байналмилалӣ (ПМС) дар минтақаи ИДМ дар соли 2024;
  • Тавсияҳо оид ба таҳқиқоти нархи молҳои истеъмолии инфиродӣ ва хизматрасониҳои намояндагӣ дар минтақаи ИДМ;
  • Муҳокимаи дигар намуди таҳқиқотҳо;
  • Вусъат додани корҳо ва ҳамоҳангсозии Барномаи муқоисавии байналмилалӣ дар байни мақомоти омори давлатҳои иштирокдори ИДМ.

Дар рафти ҷаласа мутахассисони мақомоти омори Тоҷикистон дар самти таҳқиқи нархҳои истеъмолию ғайриистеъмолӣ тариқи рӯнамо маърӯза намуданд.

Ҳамзамон дар рафти маърӯза аз тарафи иштирокдорон саволҳо пешниҳод карда шуд, ки аз тарафи мутахассисони омори Тоҷикистон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.




0 комментария к “ҶАЛАСАИ МУТАХАССИСОНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ОИДИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ МУҚОИСАВИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон