Дар ин раванд мақомоти омор низ дар ҷамъбаст ва пешниҳоди маълумоти воқеӣ муввазаф гардида, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №578 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2023, №41950 (23-3) барои воқеъбинона ва пурра фаро гирифтани ҳар як нишондиҳандаҳо ҷамъоварии ҳамаи шаклҳои ҳисоботи омориро тариқи электронӣ ба роҳ монда, махзани иттилоотии ягона ташаккул додааст ва барои таъмин намудани фарогирии ҳамаи ҳисоботҳои оморӣ пайваста назорат ва корбарӣ менамояд.
Аз рафти натиҷагирии ҷамъоварии ҳисоботҳои омории электронӣ маълум гардида истодааст, ки дар байни мақомоти омори вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир накарда, фарогирии ҳисоботҳои омории электрониро дар муҳлатҳои муайянгардида, дар сатҳи зарурӣ таъмин намекунанд, ки ҳолати мазкур боиси ба таъхир афтодани давраи ҷамъбасти маълумоти оморӣ ва таъмин нагардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ гардида истодааст.
Аз ин рӯ, зарур шуморида шуд, ки Сарраёсати омори вилоят ва раёсату шуъбаҳои омори шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин самт таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, фарогирӣ ва эътимоднокиву дурустии ҳисоботҳои омориро таъмин намоянд.
Раиси ҷаласа бо натиҷагирӣ аз маърӯзаи Қосимов Хуршед аз кормандони Сарраёсат пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҷоннок кардани ҳамкориҳо бо мақомоти маҳаллии омор ва бартараф кардани камбудиҳо ҳангоми қабули ҳисоботҳо ва то ҷамъбасти ниҳоӣ дуруст кардани нишондиҳандаҳо дастурҳои мушаххас дод.
Дар рафти ҷаласа аз ҳар як роҳбари раёсату шуъба ва бахшҳои Сарраёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон пурсиш ба амал оварда шуда, вазъи соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуд.
0 комментария к “ҶАЛАСАИ САЙЁР ДАР САРРАЁСАТИ ОМОРИ ХАТЛОН”