Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

10 январи соли равон дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентӣ “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо дар соли 2022” бо иштироки  намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарияти Агентии омор ва сарраёсатҳои Агентии омор дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентии омор баргузор гардид.

Ҷаласаро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ҳусни оғоз бахшида, дар бораи ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидани мақомоти омори давлатӣ дар соли 2021 ибрози андеша карданд.

Сипас, Муовини якуми Директори Агентии омор Шокирзода Шодмон оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар соли 2021 маърузаи муфассал намуда, зикр кард, ки мақомоти омор фаъолияти худро дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, фармонҳо, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро ба роҳ монда, Барномаҳои тасдиқкардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба корҳои оморӣ ва вазифаҳои дар назди мақомот гузошташударо дар муҳлатҳои пешбинишуда пурра ва бо сифат иҷро намуд.

Қайд карда шуд, ки мақомоти омори давлатӣ дар доираи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2021-ум 9932  корҳои омориро  ба анҷом расонидааст, ки аз иҷрои пурраи Барномаи корҳои оморӣ тибқи муҳлатҳои муқарраргардида шаҳодат медиҳад. Аз ҷумла 2273 кор ба соҳаи омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмон, 2588 кор ба соҳаи омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, 590 кор ба омори молия, 563 кор ба омори бақайдгирии нарх ва тарифҳо, 682 кор ба омори таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо, 938 кор ба омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, 1475 кор ба омори захираҳои моддӣ, савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва 823 кор ба омори нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ тааллуқ дорад.

Дар идомаи ҷаласа роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ оиди ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияташон ҳисобот пешниҳод намуданд.

Ҳасанзода Гулнора ба роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.

Инчунин аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо вобаста ба масъалаҳои соҳавӣ саволҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби роҳбарият ва масъулини раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Агентии омор посухҳои асоснок дода шуд.

Ҳамзамон, дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода ба фаъолияти кормандони мақомоти омори кишвар баҳои қаноатбахш дода, ҷиҳати саривақт ва босифат ҷамъоварӣ, коркард ва ҷамъбаст намудани ҳисоботҳои муътамади оморӣ изҳори назар намуд. Ҳамзамон қайд кард, ки  бисёре аз барномаҳои давлатӣ, стратегияҳои миллӣ ва консепсияҳо аз натиҷаи маълумотҳои оморӣ истифода мебаранд. Бинобар ин, мутахассисони соҳаи оморро мебояд дар пешбурди сиёсати соҳа ва шаффофияту муътамаднокии маълумотҳои оморӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар охири ҷаласа Директори Агентии омор Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ба сардорони мақомоти маҳаллии омор ва сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва МД “МКҲ”-и Агентӣ дар самти гузариш ба ҳисоботи электронӣ  ва ба ин васила кам кардани сарборӣ ба ҳисоботсупорандагон, инчунин диққати ҷиддӣ додан ба дурустии маълумотҳои оморӣ тавсияҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон дастур дода шуд, ки то охири соли 2022 қабули ҳамаи ҳисоботҳо ба тариқи электронӣ ба роҳ монда шаванд.

 




0 комментария к “Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон