29.08.23
13 апрели соли равон дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентӣ “Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти макомоти омор дар семоҳаи аввали соли 2022 ва вазифаҳо то охири сол” бо иштироки роҳбарияти Агентӣ, сардорони сарраёсатҳои Агентии омор дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони макомоти омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентии омор ва намояндагони як катор вазорату идораҳо доир гардид.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо сухани ифтитоҳӣ ба ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, мухтасар дар бораи фаъолияти макомоти омор дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ибрози назар кард.
Сипас, муовини якуми Директори Агентии омор Шодмон Шокирзода муфассал оид ба ҷамъбасти фаъолияти мак омоти омори давлатӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 маърўза намуда, зикр кард, ки макомоти омор фаъолияти худро дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, фармонҳо, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, карорҳои Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор, ҳамчунин тибки «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2022», ки бо карори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022 №88 тасдик карда шудааст ва вазифаҳои дар назди макомот дар семоҳаи якуми соли 2022 гузошташударо пурра ва бо сифат иҷро намуд.
Ҳамзамон Шодмон Шокирзода зикр намуд, ки макомоти омори давлатӣ дар доираи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2022-юм 3005 кори омориро ба анҷом расонид, ки аз иҷрои пурраи Барномаи корҳои оморӣ тибки муҳлатҳои мукарраргардида шаҳодат медиҳад.
Дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии омор дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд додашуданд.
Аз макомоти омори маҳаллӣ пешниҳоди саривактии маълумоти эътимодноки оморӣ ва катъиян роҳ надодан ба ҳолатҳои бе ҳуҷҷатҳои тасдик кунанда ҷамъбаст ва пешниҳод намудани ҳисоботи оморӣ талаб карда шуд.
Аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо вобаста ба масъалаҳои соҳавӣ саволҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби роҳбарият ва масъулини Дастгоҳи марказии Агентии омор посухҳои асоснок дода шуд.
Аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ба макомоти омори маҳаллӣ барои то охири сол ҷиҳати иҷрои накша дар самти электроникунонии китобҳои баҳисобгирии хоҷагиҳо, назорати дуруст ва саривактии ченаки кишт, фарогирии субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоботи оморӣ, мушоҳидаи нархҳои вокеии бозорӣ ва дигар супоришҳои катъӣ дода шуданд.
0 комментария к “Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор”