29.08.23
Санаи 23 июни соли 2023, дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади идона бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентӣ, ходими давлатӣ, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов ва намояндаи КИҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ Абдурасул Гадоев баргузор гардид.
Ҷамъомадро муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло Асват ифтитоҳ намуда, дар бораи нақши Ваҳдати миллӣ дар дастовардҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаи омори давлатӣ ва рушди тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа ибрози назар намуд.
Қайд гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Дар давоми ҷамъомад, устод Кароматулло Олимов оид ба моҳият ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ, барқароршавии сулҳ ва амнияту осоиш дар ҷумҳурӣ, зарурат ва ҳифзи сулҳу ваҳдати бо заҳматҳои зиёд бадастомада, нақши Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар сарҷамъ ва ба ҳам овардани миллати тоҷик, таъмини якпорачагии сарзамини тоҷикон ибрози назар карда, зикр намуд, ки маҳз ба шарофати он дар Тоҷикистон заминаҳои рушду пешрафт фароҳам омада, ҷумҳурӣ ба комёбиҳову дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.
Ҳамзамон, як қатор кормандон дар бораи Ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллат дар эҳёи он ибрози андеша намуданд.