29.08.23
Тибқи нақшаи Лоиҳаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) дар якҷоягӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди банақшагирӣ ва татбиқи ҷамъоварии маълумотҳои таҳқиқотии нархҳои ҳафтаина (Нархҳои миёнаи маҳсулоти озўқаворӣ, машруботи спиртӣ ва сўзишворӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ) ва ҷиҳати истифодаи барномаи нави электронӣ, аз ҷониби ФАО пешниҳод гардид.
Рунамоии барномаи мазкур аз чониби коршиноси байналмиллали Racionzer, Paul дар санахои 29 май то 5 июни соли 2023 барои мутахассисони макомоти омори минтакавӣ, дар самти бақайдгирии нархҳои ҳафтаина, пешкаш гардида шуд.
Мавриди зикр мебошад, ки бо истифода аз барномаи мазкур на танҳо чамъоварии нархҳо, балки таҳлил муқоисакунӣ ва тағйироти онҳоро дар якчанд давраи муайн бо истифода аз системаи нави бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад.
Хамзамон, система имкон медиҳад, ки маълумотро дар телефони мобилӣ васл намуда нархҳоро тариқи он сабт намуда ирсол намоем.
Ҳадафи дигари лоиҳаи мазкур бартараф намудани якчанд мушкилӣ мебошад, ки ин пеш аз ҳама
– ҷамъоварии маълумотҳои саривактӣ;
– эътимоднокии маълумотҳо;
– чамъоварии маълумотҳои саҳеҳ ва воқеӣ;
ва албатта муқоисапазир будани маълумотҳо ба шумор меравад.
Қайд намудан зарур аст, ки системаи мазкур пилотӣ буда, дар миёни давлатҳои ИДМ танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳад гардид.