02.08.24
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз татбиқи нокифояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори норозигӣ намуда, дар таҳрири нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул кардани Қонуни мазкурро мувофиқи мақсад донистанд. Зимнан, бо назардошти тағйироти иҷтимоӣ ва таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда, аввали моҳи майи соли равон дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни мазкур дар таҳрири нав ба тасвиб расид.
МИНБАЪД НА ТАНҲО ВОЛИДОН МАСЪУЛ ХОҲАНД БУД
Дар лоиҳаи нави Қонун барои саҳлангорӣ дар тарбияи насли наврас ҷазои маъмурӣ на танҳо барои падару модарон пешбинӣ мешавад. Инчунин, номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тағйир дода шуда, минбаъд он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ном бурда мешавад.
Тавре дар ҷаласаи Парлумон аввали моҳи май гуфта шуд, ба хотири маҳдуд нашудан дар вогузории масъулият танҳо бар дӯши волидон, аз номи лоиҳа калимаи «падару модар» хориҷ карда шуд, зеро шахсони дигар (масалан, омӯзгорон) низ масъули иҷрои ин Қонун мебошанд, – иттилоъ медиҳад нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум». Ба нигоштаи нашрия, дар таҳрири нави Қонун чанд моддаи нав илова шудааст, ки нақши омӯзгорон, муассисаҳои таълимӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти давлатӣ ва худидоракунӣ, инчунин, дигар мақомот ва намояндагони ҷомеаро дар тарбияи фарзанд пурзӯр мекунад. Дар маҷмуъ, лоиҳаи Қонун аз 7 боб ва 25 модда иборат аст.
Дар нашрия ишора мешавад, ки айни замон дар ҷумҳурӣ вобаста ба ҳамоҳангсозии Қонуни мазкур мақоми ягонаи ваколатдори давлатӣ вуҷуд надорад. Дар лоиҳа ин норасоӣ бартараф шуда, дар моддаи 8 ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати муайян кардани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдакон ва дар моддаи 9 ваколатҳои ин мақом барои амалӣ гардондани сиёсат дар ин самт муқаррар шудаанд.
Ғайр аз ин, гуфта мешавад, ки дар амалия вобаста ба татбиқи Қонун мушкилоте мавҷуд аст, ки падару модар фарзандони худро ба хешу ақрабо бе ягон расмиёт гузошта, ба давлатҳои дигар мераванд. Наздикон маъсулиятро нисбат ба кӯдак ба уҳда нагирифта, нисбат ба онҳо барои иҷро накардани уҳдадориашон чораҳои дахлдор андешида намешавад. Дар натиҷа, кӯдакон ба оворагардӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо даст зада, аз таълиму тарбия дур мемонанд. Дар лоиҳаи Қонун ин мушкилот бартараф шуда, дар сархати 7 моддаи 1 дар баробари падару модар, инчунин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак, воқеан, таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад, масъул гардиданд.
Ин ва дигар навгониҳо дар лоиҳаи Қонуни мазкур ташаббуси бамавридест, ки ислоҳоти назаррасро дар самти таълиму тарбияи кӯдак ба миён меоварад.
ҶАВОБГАРӢ САХТТАР МЕШАВАД
Дар робита ба тағйири ин Қонун, Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, тарҳи ислоҳи кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии кишварро дар тарбияи фарзанд низ баррасӣ кард. Аз ҷумла, тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», муҷозот тибқи моддаҳои 90 (Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак), 4641 (Ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ ва марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ) сахттар шудаанд. Гуфта мешавад, ки ин дигаргунӣ бо мақсади мушаххас ва пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои монеъ шудан ба таҳсил дар мактаб шадидтар мегардад. Дар робита ба пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсили миёнаи умумӣ, иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешниҳод гашта, матни он такмил дода шудааст. Тибқи он, агар қаблан барои хонандагон танҳо таҳсолоти ибтидоӣ ва умумӣ ҳатмӣ буд ва пас аз хатми синфи 9 онҳо метавонистанд таҳсилро қатъ намоянд, ҳоло таҳсил то синфи 11 ҳатмӣ мешавад, толибилмоне, ки баъди хатми синфи 9 таҳсилро идома додан намехоҳанд, бояд ба техникум ё омӯзишгоҳ дохил шаванд.
ТАҒЙИРОТ БА ЛОИҲАИ ҚОНУН САРИВАҚТӢ АСТ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон ва бо самти созанда ба роҳ мондани таълиму тарбия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба тасвиб расондааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» яке аз онҳо мебошад. Қонуни мазкур тули ин солҳо дар самти кам кардани оворагардиву ҷинояткории наврасон, баланд бардоштани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон нақши боризе дорад. Имрӯз, бинобар тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва эҳтиёҷот дар таълиму тарбияи кӯдакон, зарурати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни мазкур пеш омадааст.
Ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» иқдоми бамаврид ва саривақтӣ буда, дар ҳалли як қатор мушкилоти мавҷуда дар ин самт мусоидат менамояд, зеро дар шароити феълӣ таълиму тарбияи кӯдак беҳбудиро тақозо менамояд. Бинобар ин, тағйироти болозикр ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои низом дар ин самт ба манфиати ояндаи миллат аст.
Ёдрас мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 2-юми августи соли 2011, таҳти рақами 762 бо таклифу пешниҳоди зиёда аз 2 миллион шаҳрвандон қабул ва мавриди амал қарор дода шуда буд.
0 комментария к “ҚОНУН. МО ВА ФАРЗАНДОНИ МО”