Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ЛОИҚИ ПАЙРАВӢ

ЛОИҚИ ПАЙРАВӢ

Пешрафти ҳар соҳа ба кадрҳои таҷрибадору кордон вобаста аст. Зеро кори ҳар соҳаро ашхоси кордон пеш мебаранд. Соҳаи омори Тоҷикистон агарчи дар даврони шуравӣ таъсис ёфтаву фаъолияти густарда дошт, аммо баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ ва рушди бесобиқаи тамоми бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ба таҷдиду навсозиҳо рӯбарӯ гашт ва имрӯз комилан ҳамқадами замон гардидааст. Қаҳрамони имрӯзаи мо аз шумори ононест, ки ҳам дар замони шуравӣ дар мақомоти омор кор кардааст ва ҳам аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ шоҳид ва ҳамчунин саҳмгузори пешрафтҳои соҳаи омор дар мамлакат будааст.

Зебо Ҷӯрабойзодаро кормандони Дастгоҳи марказии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кадри варзидаи соҳа ва роҳнамову маслиҳатгари мутахассисони ҷавон мешиносанд. Ин бонуи донишманду варзида 37 сол аст, ки дар мақомоти омори давлатӣ кор мекунад ва бо хидмати софдилонаву содиқонааш дар рушди соҳа миёни ҳамкорон соҳиби обрӯву эътибори хосса гардидааст. Беҳуда намегӯянд, ки бӯи мушк пинҳон намемонад.

Рӯзе нест, ки чанд мутахассиси ҷавон ба утоқи кори ин хонуми собиқадору даст ба кор дар Агентии омор меҳмон нашаванд, аз ӯ маслиҳат напурсанд. Бояд бигӯем, ки баъзе собиқадороне ҳастанд, ки бо кормандони ҷавон хуб муносибат намекунанд, маслиҳату машваратҳояшонро аз онҳо дареғ медоранд. Аммо Зебо Ҷӯрабойзода ҳар нафар, махсусан ҳар мутахассиси ҷавонро бо чеҳраи кушода пешвоз мегирад, чӣ қадаре аз дасташ ояд, ёрӣ мерасонад, машваратҳои судманд медиҳад. “Мо ҳам рӯзе ҷавон будему камтаҷриба, аз баракати маслиҳатҳои дигарон чашмикордон шудем. Имрӯз қарзи мост, ки ба дигарон таҷрибаҳои худро омӯзонем”, -мегӯяд ӯ.

Имрӯз ин бонуи хушном роҳбарии яке аз бахшҳои муҳимтарини Агентӣ – Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалиро ба уҳда дорад. Ба таъбири дигар, ҳамарӯза дар дохили баҳри арқом шино менамояд. Аммо бар замми ҳамаи ин, вақт меёбад, ки ба дигарон низ барои пешрафти корашон роҳнамоӣ кунад.

“Раёсати мо мисли як оила аст. Ҳама ба якдигар бо эҳтиром муносибат менамоянд, баҳсҳои корӣ дар ҷойи худ, аммо ҳеҷ гоҳ миёни мо аз беҳурмативу дағалӣ ҳатто нишоне нест”, – таъкид менамояд ӯ. Ба андешаи ин собиқадори соҳа, яке аз шартҳои муҳимми пешрафти кор дар дилхоҳ идора ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибати самимонаи кормандон бо ҳамдигар аст.

Зебо Ҷӯрабойзода соли 1988 Донишгоҳи милли Тоҷикистон (дар он вақт Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин)-ро бо ихтисоси банақшагирии саноат ба итмом расонда, аз ҳамон сол фаъолияташро ба ҳайси иқтисодчии шуъбаи таъминоти иттилоотии омори саноати Маркази кулли ҳисоббарории Кумитаи давлатии омори РСС Тоҷикистон оғоз намудааст. “Солҳои аввали фаъолияти мо Кумитаи омор то андозае ҳамқадами замон набуд, шароити лозима вуҷуд надошт ва мо бо усулҳои куҳна кор мекардем. Электроникунонии соҳа, ҷамъоварии тамоми ҳисоботҳо тариқи электронӣ кори имрӯзаи моро хеле осон ва шаффоф гардонидааст. Бовар дорам, ки мутахассисони ҷавони соҳа бо истифода аз имконоти мавҷуда барои рушди бештари омори миллӣ талош менамоянд ва ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд”, – ибрози назар менамояд ҳамсуҳбати мо.

Ӯ барои хидматҳои созанда дар рушди соҳаи омор бо ифтихорномаву мукофотҳои зиёди соҳавӣ ноил гардидааст, сазовори медали “Хидмати шоиста” низ гаштааст. “Рӯзе, ки аз дасти Пешвои муаззами миллат ин медалро гирифтам, сарам ба осмон расид. Бори дигар бовар кардам, ки зиндагиям беҳуда нагузаштааст. Офарин ба Сарвари халқпарвари мо, ки заҳмати ҳеҷ кас, ҳатто кормандони одие мисли ман аз назарашон пинҳон намемонад” – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Зиндагӣ ва фаъолияти кории бонувоне чун Зебо Ҷӯрабойзода дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар исбот менамояд, ки занону духтарони тоҷик дар баробари оиладориву хонадорӣ дар дилхоҳ соҳа муваффақ шуда метавонанд. “ Таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат барои ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ ва андӯхтани дониш беҳуда нест, – бовар дорад Зебо Ҷӯрабойзода, – зеро зане, ки таҳсил кардаасту соҳибкасб шудааст, дар зиндагии оилавӣ низ камтар шикаст мебинад ва дар ҳеҷ ҳолат дар ҳаёт дастнигари касе намешавад”.

Воқеан, дар зиндагӣ ба инсон танҳо касбу дониш ва фаъолият ба нафъи мардуму Ватани маҳбуб обрӯву эътибор меорад. Имрӯз эҳтиром ва нуфузи Зебо Ҷӯрабойзода миёни ҳамкорону ҷомеаро дида, бисёр мутахассисони ҷавон, махсусан ҷавондухтарони Агентӣ ӯро намунаи ибрат ва лоиқи пайравӣ медонанд.




0 комментария к “ЛОИҚИ ПАЙРАВӢ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон