14.06.24
Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омор»-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ташкилот Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва аъзои ташкилот маҷлиси ҳизбии ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Раиси ташкилот зимни ироаи ҳисобот ёдовар шуд, ки ҲХДТ тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд.Дар шароити имрӯза барои сафарбар намудани одамон ба корҳои хайру созанда чунин неруи сиёсие лозим аст, ки мардуми Тоҷикистонро бо ғояҳои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун муттаҳид намуда, дар сафи пеши раванди бунёдкории Ватан қарор дошта бошад.Чунин ғояро ҳанӯз сӣ сол қабл Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташкили ҳизби нав — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба миён гузошта буданд.
Таъкид гардид, ки ҲХДТ ба сифати неруи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.
«ҲХДТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро ҳамчун ҳадафи асосӣ пеш гирифт, — гуфт Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва афзуд, ки амалӣ шудани ин ҳадафи барномавии ҳизбро мо дар иқдомоти ҳамарӯзаи Ҳукумати мамлакат, дар мисоли сохтмони мактабу шифохонаҳо, роҳу неругоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии пайвастаи табақаҳои камбизоати аҳолӣ – ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат мебинем».
Аз рӯи масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис Ҷамшед Нурмаҳмадзода раис ва Асо Нурулло Асват муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” аз нав интихоб гардида, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо қабул гардиданд.
Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҳангоми ибрози андеша доир ба масълаҳои рӯзномаи маҷлис тазаккур дод, ки Ташкилоти ҳизбӣ муваззаф гардиданд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти мамлакат ва муборизаи беамон ба зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таассубу хурофот ва дигар зуҳуроти манфӣ эътибори ҳамешагӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ вусъат бахшанд ва мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи нақшаҳо вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани 30-солагии Ҳизби Халқии Демокоратии Тоҷикистон ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намоянд.
Бо итминон иброз гардид, ки ташкилоти ҳизбӣ фаъолиятро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолаташонро дар фаъолияти минбаъда низ дар татбиқи ғояҳои созанда — идеяҳои низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушаххас гардидаанд, бо самимияти хосса анҷом медиҳанд.
Дар идомаи маҷлис сардори Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист Хуршед Қосимов ва сардори Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ Саидакбар Қурбонов дар бораи нақшу мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон ибрози андеша намуданд.
Дар охири кори маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омор»-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Асо Нурулло Асват, муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ барои хизматҳои шоён дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми муносиб дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ва баланд бардоштани нуфуз ва мавқеи ҳизб дар ҷомеа, бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
0 комментария к “МАҶЛИСИ ҲИЗБИИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ОМОР»”