01.11.24
Маҷмўаи омории «Нақлиёт ва алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишондиҳандаҳои асосии омориро, ки тараққиёти нақлиёт ва алоқаро нишон медиҳанд, дар бар мегирад; маълумотҳо оиди мaњсулот ва хизматҳои расонидаи ин соҳаҳо, инчунин ҳаҷми маблағгузориҳои асосӣ дар ин соҳаҳо гирд оварда шудаанд.
Дар маҷмўа маълумотҳои расмие, ки дар асоси ҳисоботҳои оморӣ, тадқиқотҳои яквақтаи интихобӣ ва бозҳисобҳо ба даст омадаанд, гирд оварда шудаанд.
Нишондиҳандаҳои асосии кори нақлиёт ва алоқа дар миқёси вилоятҳо, ш.Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оварда шудаанд.
Қисматҳои алоҳидаи маҷмўа баҳодиҳии васеъи кори нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоиро аз рўи нишондиҳандаҳои асосӣ: кашонидани бор; гардиши бор; кашонидани мусофирон; мусофиргардиш; нишон додани ҳаҷми кашонидани намудҳои алоҳидаи борҳоро анҷом медиҳанд. Динамикаи ин нишондиҳандаҳо аз соли 2018 оварда мешавад.
0 комментария к “Маҷмӯаи омории Нақлиёт ва алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2024 ба нашр расид”