12.06.24
Мутахассисони соҳаи омор дар минтақаҳо пайваста ба ҳисоботсупорандагон бо баргузор намудани вохӯриву семинарҳои омӯзишӣ ҷиҳати пешниҳоди дурусту саривақтии ҳисоботи оморӣ машварат медиҳанд.
Ин аст, ки мо агар ҳолати кунунии пешниҳоди ҳисоботи омориро аз ҷониби корхонаву ташкилотҳои ҳисоботсупор бо солҳои қаблӣ, ки дар шакли коғазӣ пешниҳод мегардиданд, муқоиса намоем, бараъло мушоҳида мегардад, ки ҳисси маъулияти ҳисоботсупорандагон хеле боло рафта, дар натиҷа сатҳу сифати баланди ҷамъоварӣ, таҳия, коркард ва пешниҳоди дурусти маълумоти оморӣ таъмин гардида истодааст.
Ба ин хотир, имрӯз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки шахсони масъули корхонаву ташкилотҳои ҳисоботсупор оиди пешниҳоди дурусти ҳисоботҳои электронии оморӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар рафти семинар иштирокчиён вобаста ба бақайдгирии корхонаҳо, ворид намудани ҳисоботҳо аз утоқи шахсӣ ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботҳо, ба саволҳои худ аз ҷониби сардори Сарраёсат ва кормандони он ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Сардори Сарраёсат барои иштирок дар семинар ва ҳамкорӣ бо мақомоти омор ба сармуҳосибони корхонаҳо изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки минбаъд чунин иқдом идома хоҳад ёфт.
0 комментария к “МАҚОМОТИ ОМОРИ СУҒД КОРРО БО ҲИСОБОТСУПОРАНДАГОН ҶОННОК МЕНАМОЯД”